Нуралӣ Риоев номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон пешбарӣ гардид
ХОРУҒ, 02.05.2018 /АМИТ “Ховар”/. Нуралӣ Риоев, муовини аввали раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар конфронси ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқӣ- Демократии Тоҷикистон дар ВМКБ, ки дар Кохи фарҳанги ноҳияи Рӯшон баргузор шуд, номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Ванҷ №40 пешбарӣ гардид. Ба ҳавзаи мазкур интихобкунандагон аз ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон ва Шуғнон шомил мебошанд.
Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, дар оғози конфронс вакилон нахуст хотираи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаббатшоҳ Рӯзадорро, ки бар асари бемории сактаи дил аз олам даргузашт, пос доштанд.
Дар конфронс вакилон номзадии Нуралӣ Риоевро ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Ванҷ №40 якдилона пешбарӣ карданд.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ҷонибеки Қозибек дар фарҷоми конфронс аз аъзоён ва ҷонибдорони ҳизб даъват намуд, ки дар рӯзи овоздиҳӣ фаъолона ширкат намоянд.
Ёдовар мешавем, ки 17 июни соли равон дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Ванҷ №40 интихоботи миёнадаврӣ ба ивази вакили хориҷшудаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






