Оғози бунёди ду муассисаи нави таълимӣ бо 4800 ҷойи нишаст дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

Май 30, 2018 11:20

ДУШАНБЕ, 30.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. 30 майи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Маҳмадулло Холови ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо тарҳи лоиҳаи “Бунёди бинои таълимӣ барои 2400 хонанда дар ҳудуди қитъаи замини Муассисаи давлатии Гимназияи рақами 53 ба номи Муҳаббат Маҳмудова” шинос шуда, барои оғози корҳои сохтмонӣ дар ду муассисаи таълимӣ ҳар кадоме бо 2400 ҷойи нишаст санги асос гузоштанд.

Фармоишгари бунёди иншоотҳои нав Муассисаи давлатии Раёсати сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, лоиҳакаш Корхонаи воҳиди давлатии Пажӯҳишгоҳи илмӣ — тадқиқотӣ ва лоиҳакашии “Душанбешаҳрсоз” мебошад.

Муассисаи давлатии Гимназияи рақами 53 аз 6 бинои 4 — ошёна бо таҳхона ва 50 синфхона, аз ҷумла 4 синфхонаи лингафонӣ, 4 адад синфи компютерӣ, синфхонаҳои озмоишгоҳи физика, кимиё, ҷуғрофия, биология, синфҳои мусиқӣ, хореографӣ, нақшакашии техникӣ, тайёрии ҳарбӣ, таълими меҳнат, устохонаи коркарди матоъҳо, устохонаи умумии коркарди фулуз ва чӯб, толори варзишӣ бо 190 ҷойи нишаст иборат хоҳад буд. Ҳамчунин барои кори роҳбарият ва омӯзгорон утоқҳои кории замонавӣ бунёд мешавад.

Дар муассиса хуҷраҳои духтурон, равоншинос, китобхонаи электронӣ, толори китобхонӣ, толори маҷлисгоҳ бо 560 ҷойи нишаст, ошхона барои синфҳои поёнӣ бо 255 ҷой ва барои синфҳои болоӣ бо 145 ҷой, дуконҳо, ҳуҷраҳои ёрирасон ва техникӣ мавҷуд аст.

Иқдоми бунёди Муассисаи давлатии Гимназияи рақами 53 дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе, таҳти рақами 203 аз 19 марти соли 2018 ва бо маблағҳои буҷетӣ амалӣ мегардад.

Муассисаи таълимии миёнаи умумии нав, ки дар шафати Муассисаи давлатии Гимназияи рақами 53 бо дастури Пешвои миллат бунёд мешавад, барои 2400 ҷойи нишаст пешбинӣ мегардад.

Ин муассисаи нави таълимӣ низ аз чор ошёна иборат буда, дар он барои ба таҳсил фаро гирифтани фарзандони сокинони ноҳияи Исмоили Сомонӣ тамоми шароитҳои муосир ба инобат гирифта хоҳад шуд.

Дар мактаби нав низ синфхонаҳои барҳавои лингафонӣ, компютерӣ, озмоишгоҳҳои физика, кимиё, ҷуғрофия, биология, синфҳои мусиқӣ, хореографӣ, нақшакашӣ, тайёрии ҳарбӣ, таълими меҳнат, толори варзишӣ, хуҷраҳои духтурон, китобхонаи электронӣ, толори китобхонӣ, толори маҷлисгоҳ, ошхона, ҳуҷраҳои ёрирасон ва техникӣ бунёд карда мешавад.

Зимни шиносоӣ бо тарҳи лоиҳаи бунёди муассисаҳои таълимӣ барои 4800 хонанда дар ҳудуди қитъаи замини Муассисаи давлатии Гимназияи рақами 53 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси шаҳри Душанбе барои назорати корҳои сохтмонӣ ва ба сохтмончиён баҳри иҷрои босифати корҳо дастуру ҳидоятҳо доданд.

Оғози бунёди ду муассисаи нави таълимӣ бо 4800 ҷой нишаст дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе 30.05.2018

Май 30, 2018 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии «Маркази таърихию фарҳангии Балҷувон»-ро баъд аз таъмиру навсозӣ ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи бунёди роҳи мошингарди дорои аҳаммияти ҷумҳуриявии Балҷувон-Сари Хосор шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Балҷувон Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқатро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Балҷувон бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллиро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Балҷувон ба фаъолияти корхонаҳои нави саноатӣ оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг бо молу маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг Осорхонаи таърихии асри сангро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 кӯдакистон ва як Маркази варзишии сайёҳиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ховалинг оғоз ёфт
Идомаи табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Идомаи табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 34-солагии истиқлоли давлатӣ