ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои боронӣ дар назар аст
ДУШАНБЕ, 03.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, боридани борон ва дар баландиҳои 2500 метр боридани барф дар назар аст.
Имрӯз, 3 май дар вилояти Суғд ҳаво абрӣ шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Шабона дар баландиҳои 2500 метр боридани барф пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +9 +14 ва рӯзона +23 +28 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳаво тағйирёбанда шуда, борон меборад. Шамол аз самти ғарб 2-7 метр дар як сония вазида, ҳаво шабона +5 +10 ва рӯзона +17 +22 дараҷа гарм мешавад.
Ҳамчунин дар вилояти Хатлон ҳавои боронӣ пешгӯи гардида, дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво шабона +12 +17 ва рӯзона +25 +30 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, боридани борон ва дар баландиҳои 3000 метр боридани барф дар назар аст. Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ пешбинӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо рӯзона +21 +23 дараҷа ва шабона +10 +12 дараҷа гарм мешавад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






