ОБУ ҲАВО: имрӯз дар ҷумҳурӣ дар баландиҳои 2500 метр барф меборад

Май 2, 2018 08:24

ДУШАНБЕ, 02.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, боридани борон ва дар баландиҳои 2500 метр боридани барф дар назар аст.

Имрӯз, 2 май дар  вилояти Суғд ҳаво абрӣ шуда, боридани борони кутоҳмуддат дар назар аст. Дар баландиҳои 2500 метр боридани барф пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +8 +13 ва рӯзона +22 +27 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳаво тағйирёбанда шуда, борон меборад. Шамол аз самти ғарб 2-7 метр дар як сония вазида, ҳаво шабона +5 +10 ва рӯзона +16 +21 дараҷа гарм мешавад.

Ҳамчунин дар вилояти Хатлон ҳавои боронӣ пешгӯи гардида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво шабона +12 +17 ва рӯзона +24 +29 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, боридани борон ва дар баландиҳои 3000 метр боридани барф дар назар аст. Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорат дар водиҳо рӯзона +25 +27 дараҷа гарм мешавад. Шабона  ҳарорати ҳаво +11 +13 дараҷа гарм мешавад.

Май 2, 2018 08:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад