«ОИЛА-МАКОНИ МЕҲР». Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила мизи мудаввар доир шуд

Май 12, 2018 10:33

ДУШАНБЕ, 12.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 11 май дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари СММ-занон дар Тоҷикистон  бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила, ки ҳамасола 15 май таҷлил мегардад, таҳти унвони  «Оила-макони меҳр»  мизи мудаввар баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар чорабинии мазкур намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дафтари  СММ-занон дар Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.

Дар чорабинӣ Марҳабо Олимӣ, муовини аввали Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад карда, иброз дошт, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаҳои оила, дастгирии оила ва таҳкими муносибатҳои оилавӣ тадбирҳои зиёди судманд андешида, онҳоро дар амал татбиқ намуд.

Зикр шуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оиларо ҳамчун  узви асосии ҷомеа муайян намуда, дар баробари он дар мамлакат даҳҳо санадҳои меъёрию ҳуқуқии вобаста ба оила фаъолият мекунанд, ки ба рушд ва таҳкими он, пешгирии зуроварӣ дар оила ва ҳифз намудани  ҳуқуқҳои аъзои оила равона гардидаанд.

Инчунин дар рафти чорабинӣ иштирокдорон оид ба масъалаҳои маърифати оиладорӣ, вазъи никоҳ ва бекоршавии ақди никоҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар дастгирии оилаҳои осебпазир ва дастгирии ислоҳоти низоми сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули назар намуданд.

Май 12, 2018 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад