Парлумон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» тағйирот ворид менамояд
ДУШАНБЕ, 14.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ояндаи наздик палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» тағйирот ворид менамояд. Масъалаи мазкур дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров доир гардид, баррасӣ шуд.
Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Абдураҳим Холиқзода санади мазкурро тавзеҳ дода, зикр намуд, ки лоиҳаи қонун аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои бандҳои 35 ва 65-и нақшаи чорабиниҳои татбиқи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013 тасдиқ гардидааст, таҳия ва ба Парлумон пешниҳод гардидааст. Ҳадафи он такмили механизми эъломиясозии даромадҳои шахсони мансабдори давлатӣ, аъзои оилаи онҳо ва эъломияи даромадҳои шахсӣ аз ҷониби ҳамаи шахсони мансабдор мебошад.
Аъзои Шӯро ҳамзамон Созишномаи қарзӣ байни муассисаи давлатии «Хоҷагии коммуналӣ»-и назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Кӯлоб», Созишномаи қарзӣ оид ба лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаихумб, қитъаи Кӯлоб-Шӯрообод ва қитъаи Шкев-Қалъаихумб» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Кувайтии Рушди Иқтисоди Араб, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Ҳошимии Урдун оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва техникӣ ва лоиҳаи Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030–ро баррасӣ намуданд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти такмили низоми идоракунии молияи давлатӣ густариш меёбад
Дар Душанбе тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба бартараф намудани ҳама гуна ҳуқуқпоймолкунӣ нисбат ба занон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад






