Ҷӯрабек Муъмин: «Ҳар зарра хоку ҳар қатра оби Ватан барои Бозор азиз буд…»

Май 3, 2018 08:00

ФАЙЗОБОД, 03.05.2018 /АМИТ  «Ховар»/. Мардуми ноҳияи Файзобод аз даргузашти шоири маъруф ва дӯстдоштаи халқи тоҷик Бозор Собир сахт андӯҳгин буда, ба наздикону пайвандони  шоир   изҳори тасаллият мекунанд.   Шоир ва рӯзноманигори шинохта Ҷӯрабек Муъмин, яке аз шогирдони Бозор Собир, мегӯяд, барои шахси ватандӯсту ватанпарвар аз Ватан дур мурдан осон набуду осон нест. Ҳар як зарра хоку ҳар як қатра оби Ватан барои ин шахсияти бузург бисёр азиз буд.

«Устод орзу мекард, ки дар Ватан ҷон бисупорад. Соли 2016 дар рӯзи таҷлили ҷашни забони давлатӣ устод Бозор Собир ҳамроҳи Гулрухсор Сафиева, Раҳмат Назрӣ ва Муҳаррама Шарифова дар шаби эҷодии Ҳабибулло Мирзошарифов иштирок намуд. Устод Бозор аз ашъори безаволаш шеърҳо қироат кард, ки  мухлисону дӯстдорони шеър як ҷаҳон лаззати маънавӣ гирифтанд. Пас аз чорабинӣ низ чун ҳамешагӣ дар бораи муқаддас будани Ватану диёр ҳарф зада, гуфт, ки Ҷӯрабек,  ман ҳамеша бо ёди ин гулу бутта, дарахт, обу хок ва табиати ин диёр дур аз Ватан мезистам. Ҳис мекунам, ки ин бори охирин ба Файзобод омадани ман аст. Устод Бозор шоири халқ ва миллат буд ва монд то ба охир тимсоли деҳқоншоири миллат», — иброз дошт Ҷурабек Муъмин.

Рӯзноманигор  роҳи тайнамудаи  шоири маҳбубро  дар олами адабиёт шоиста арзёбӣ карда, зикр намуд, ки мухлисони шеъри волои устод  на фақат дар Файзобод ё минтақаҳои алоҳида, балки дар тамоми Тоҷикистону берун аз он хеле зиёданд. «Ватандӯсту ватанпарвар будани ин шоири маҳбуб ҳангоми  мутолиаи ашъораш баръало эҳсос мегардад. Ин шоири тавоно умри хуб дид ва мероси гаронбаҳои эҷодӣ аз худ боқӣ гузошт, ки садсолаҳо аз хотираҳо зудуда нахоҳад шуд»,-илова намуд Ҷӯрабек Муъмин.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод Сафарбек Нурзода зикр намуд, ки   Бозор Собир дар ҳар куҷое буд, ҳамеша бо ёди Ватан буд. Мавсуф афзуд, ки устод дар яке аз сафарҳои худ ба ноҳияи Файзобод чунин нақл кард: «Дар Америка боре субҳи содиқ аккоси сагеро шунидам, ки овозаш ба овози сагҳои деҳаам бисёр монанд буд ва ман пайи ҳамон овоз рафтам, мутаассифона, ҳамон сагро наёфтаму хумори деҳаамро шикаста натавонистам». Ин гуфтаҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки ӯ дар ҳама ҳолат бо ёди Ватан буд ва ҳамеша ободию шукуфоии Ватанро орзу мекард. «Шоир дар суҳбатҳояш ҳамеша таъкид мекард, ки аз Тоҷикистон сарват намехоҳад, барои ӯ фарзанди тоҷик будан бас аст. Хотираҳои наҷиби устод Бозор дар дилҳои мардум абадан боқӣ мемонад»,-изҳор намуд Сафарбек Нурзода.

Ҳунарманд Ҳабибулло Мирзошарифов низ аз суҳбату мулоқот бо устод Бозор хотираҳои зиёд дорад.  «Аз рӯзе, ки ба маънии аслии шеър сарфаҳм меравам, мухлиси ашъори устод Бозор ҳастам. Баъди мутолиаи ашъораш дар назди худ мақсад гузоштам, ки ба якчанд шеъраш оҳанг баста, шаби эҷодӣ доир намоям. Хушбахтона, моҳи октябри соли 2016 дар толори Филармонияи  ноҳия бо иштироки  устод Бозор ва меҳмонони зиёд шаби эҷодиамро баргузор намудам, ки дар он 15 суруд аз ашъори устод сароида шуд», — зикр намуд Ҳ. Мирзошарифов.

Ҳунарпешаи маъруфи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмиддин Чақал, ки аз солҳои 70-ум инҷониб бо устод Бозор Собир  робита ва ҳамнишинӣ дошт,  мегӯяд, ки Бозор Собир аз ҷумлаи адабиётшиносоне мебошад, ки бо ҷаҳонбинии тоза ва шеваи махсус вориди майдони нақди адабӣ ва адабиётшиносии муосири тоҷик гардида, ба зудӣ дар сафи шоирони машҳур ва шинохтаи тоҷик ҷо гирифт. Ба нақли номбурда, устод Бозор Собир бисёр нозукбин ва кунҷков буд. «Ба ҳар ҷое мерафтем ҳамеша мепурсиду савол медод, ки Қиёмиддин ин дарахти маҷнунбед ба чӣ шабоҳат дорад. Ман мегуфтам ба шаршара ё мӯйи дарози занон, механдиду ҷавоби дурусташро мегуфт. Бозор Собир устоди садҳо шогирдон, шоири содиқи Ватан, ки дар рушди маърифат ва тарбияи ҷавонони ватандӯст хидмати босазо кардааст, намунаи ибрат аст», — изҳори андеша намуд Қ. Чақал.

 Субҳониддини МАҲМУД,

Мавҷуда АНВАРӢ,

 АМИТ  «Ховар»

Май 3, 2018 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад