Шуҳрати маҳсулоти корхонаи хурди ресандагии деҳаи дурдасти Сежди ноҳияи Роштқалъа то ба Амрико расид!
ХОРУҒ, 02.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Занону духтарони деҳаи дурдасти Сежди ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ду сол пеш корхонаи хурди ресандагиро таъсис дода, аз муинаи бузи ангорӣ ё тибетӣ ришта мебофанд ва ба харидорони дохиливу хориҷӣ пешкаш менамоянд.
Тавре дар суҳбат бо мухбири минтақавии АМИТ “Ховар” роҳбари корхонаи мазкур Раҳима Шириншоева иброз дошт, аксарияти сокинони деҳа ба чорводорӣ машғуланд ва ҳар як хонавода аз 50 то 100 сар моли майда, аз ҷумла бузҳои ангорӣ дорад. “Муинаи бузи ангорӣ дар бозори ҷаҳонӣ арзиши баланд дорад. Нархи як килои ин навъи муина 145 доллари амрикоӣ аст. Баъди ба кор даромадани ин корхона 20 нафар занону духтарон соҳиби ҷои кори доимӣ ва садҳо нафар сокинони деҳа бо фурӯхтани муина ба корхона соҳиби даромади хуб шуданд.
Ба гуфтаи Раҳима Шириншоева, ду сол пеш як сайёҳи амрикоӣ ба ин деҳа ташриф оварда, чанд калоба муинаи бузи ангориро харидорӣ намудааст. “Он сайёҳ баъди бозгашт ба Амрико ҳамкориро бо корхонаи мо идома дод. Бо кумаки сайёҳон маҳсулоти мо дар хориҷ аз кишвар харидорони худро пайдо кард, — афзуд Р. Шириншоева. — Ҳоло як калоба ресмони тавлидкардаи корхона дар бозори маҳаллӣ 105 сомонӣ ва дар хориҷ наздик ба 1 ҳазору 300 сомонӣ мебошад”.
Раҳима Шириншоева зикр намуд, ки эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ имконияти хуби муаррифии ҳунару фарҳанги халқи тоҷик ба ҷаҳониён мебошад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






