Тартиб оид ба ҷалби агентҳои бонкии пардохтӣ ва амалисозии назорати риояи шартҳои ҷалби онҳо таҳия ва тасдиқ гардид
ДУШАНБЕ, 17.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон санади меъёрии «Тартиб оид ба ҷалби агентҳои бонкии пардохтӣ ва амалисозии назорати риояи шартҳои ҷалби онҳо» таҳия ва тасдиқ карда шуд. Дар ин бора аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, тасдиқи тартиби мазкур бо мақсади афзоиш додани дастрасии табақаҳои васеи аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ, аз ҷумла дар манотиқи дурдасти кишвар, рушди хизматрасониҳои пардохтӣ ва вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, инчунин самаранок истифода бурдани инфрасохтори мавҷудаи ташкилотҳои қарзӣ мебошад.
Алҳол ташкилотҳои қарзӣ имконият пайдо карданд, ки тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ», барои анҷом додани амалиёти алоҳидаи бонкӣ шахсони ҳуқуқӣ ё соҳибкорони инфиродиро ба ҳайси агентҳои бонкиии пардохтӣ ҷалб намоянд.
Мавриди зикр аст, ки тартиби мазкур дар якҷоягӣ бо коршиносони байналмилалӣ ва бо дарназардошти таҷрибаи давлатҳои пешрафта таҳия гардида, 3 майи соли 2018, таҳти №927 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






