Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии низоми обёрӣ ва беҳтар намудани идоракунии об дар водии Зарафшон» оғоз гардид

Май 17, 2018 09:50

ДУШАНБЕ, 17.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 16 майи соли 2018 дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд вобаста ба оғози татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии низоми обёрӣ ва беҳтар намудани идоракунии об дар водии Зарафшон»  ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Дар натиҷаи амалишавии лоиҳаи мазкур, ки аз моҳи майи соли равон то моҳи феврали соли 2020 идома меёбад, таҷдиду навсозии пойгоҳҳои обкашӣ, инфрасохтори обрасонӣ ва дастгирии ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ба нақша гирифта шудааст.

Дар ҷаласа роҳбарон ва намояндагони Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, Иттиҳоди Аврупо ва Бонки ҷаҳонӣ, шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Шаҳристон, Деваштич ва дигар масъулон иштирок доштанд.

Муовини якуми Вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Султон Раҳимзода ҷаласаро ифтитоҳ намуда, доир ба амалишавии барномаҳои давлатӣ дар самти беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративӣ ва обёрии заминҳо ибрози андеша намуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода доир ба вазъи соҳаҳои кишоварзии вилоят маълумот дода, зикр кард, ки дар натиҷаи ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷм 65 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонии хурди оилавӣ ва инфиродӣ таъсис дода шуда, азхудкунии заминҳои нав, бунёди шаҳракҳои нав ва маҳалҳои аҳолинишин бомаром ба роҳ монда шудаанд.

Таъкид гардид, ки бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо ва Бонки ҷаҳонӣ лоиҳаи «Барқарорсозии низоми обёрӣ ва беҳтар намудани идоракунии об дар водии Зарафшон»  ба маблағи беш аз 16 миллион доллари ИМА татбиқ мегардад, ки ҳадафи асосии он беҳтар сохтани инфрасохтор ва ҳолати обёрӣ дар водии Зарафшон ба ҳисоб меравад.

Дар рафти ҷаласа инчунин муовини Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомид Ҳасанзода ва намояндагони Бонки ҷаҳонӣ ва Иттиҳоди Аврупо доир ба дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақсаду ҳадафҳои  лоиҳаи «Барқарорсозии низоми обёрӣ ва беҳтар намудани идоракунии об дар водии Зарафшон» ибрози андеша намуданд.

Май 17, 2018 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад