Тоҷикистон ҷонибдори таҳкими ҳамкорӣ бо Словакия мебошад

Май 2, 2018 18:00

ДУШАНБЕ, 02.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Таҳкими муносибатҳои  мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Словакия дар меҳвари мулоқоти муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Абдуҷаббор Азизӣ ва Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Словакия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ян Бори қарор дошт.

Аз Парлумони мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки мусоҳибон ҳавасмандии устувори худро ба густариши бештари равобити дӯстӣ ва ҳамкории гуногунпаҳлу баён карда, таъкид доштанд, ки  муколамаҳои мунтазами сатҳи баланди сиёсӣ асоси таҳкими равобит ва ҳамкории ду кишвари дӯст дар соҳаҳои гуногун маҳсуб меёбад.

«Ҷумҳурии Тоҷикистон, — гуфт Абдуҷаббор Азизӣ, — ҳамеша ҷонибдори рушди минбаъда ва тақвияти муносибатҳо бо Ҷумҳурии Словакия дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангӣ мебошад».

Дар мулоқот ҳамзамон атрофи масъалаҳои марбут ба тақвияти заминаи ҳуқуқии равобити Тоҷикистону Словакия, аз ҷумла таҳия ва имзои созишномаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, илму маориф, кишоварзӣ, энергетика, фанноварӣ ва саӣёҳӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Махсус таъкид карда шуд, ки ҳамасола дар доираи барномаи ҳукумати Словакия ба довталабони тоҷик бурсияҳо барои таҳсил дар риштаи магистратура аз рӯи соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт пешниҳод мегардад. Инчунин моҳи ноябри соли 2016 зимни сафари корӣ ба Тоҷикистон ҳайати расмии Вазорати корҳои хориҷӣ ва аврупоии Ҷумҳурии Словакияро гурӯҳи соҳибкорони бонуфузи словакӣ ҳамроҳӣ намуда, дар ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Словакия ширкат варзиданд.  Дар ин ҳамоиш имкониятҳои тавсеаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишвар, роҳандозии тамосҳои мустақим миёни соҳибкорону сармоягузорони тоҷику словакӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ баррасӣ гардиданд.

Зикр шуд, ки ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Словакия дар соли гузашта беш аз 260 ҳазор доллари амрикоиро ташкил дод. Дар мулоқот изҳори боварӣ карда шуд, ки тавассути муколамаҳои доимии сатҳи баланд робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Словакия дар ҳама самтҳо мазмуну мундариҷаи нав касб хоҳад намуд.

Бояд гуфт, ки баргузории мулоқоти муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагон А. Азизӣ бо Сафири  Славакия дар Ҷумҳуруии Тоҷикистон дар ҳолест, ки 20 апрели соли  равон дар шаҳри Братислава машваратҳои сиёсии навбатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Словакия баргузор гардиданд.

Май 2, 2018 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Чин дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон ба тасвиб расид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир шуд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси аш — Шурои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо муовини якуми Раиси Федератсияи палатаҳои тиҷоратии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Раиси Агентии рушди сармоягузории Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагон бо устодону донишҷӯён доир гардид
Ба омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд муҳтавои Паёми Президенти Тоҷикистон расонида шуд
Ба сокинони ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод ва Ховалинг Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳ дода шуд
Раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода ба сокинони Рашт нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистонро шарҳ дод
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе вохӯрии вакилон бо интихобкунандагон доир шуд