Тоҷикистон ҷонибдори таҳкими ҳамкорӣ бо Словакия мебошад
ДУШАНБЕ, 02.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Таҳкими муносибатҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Словакия дар меҳвари мулоқоти муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Абдуҷаббор Азизӣ ва Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Словакия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ян Бори қарор дошт.
Аз Парлумони мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки мусоҳибон ҳавасмандии устувори худро ба густариши бештари равобити дӯстӣ ва ҳамкории гуногунпаҳлу баён карда, таъкид доштанд, ки муколамаҳои мунтазами сатҳи баланди сиёсӣ асоси таҳкими равобит ва ҳамкории ду кишвари дӯст дар соҳаҳои гуногун маҳсуб меёбад.
«Ҷумҳурии Тоҷикистон, — гуфт Абдуҷаббор Азизӣ, — ҳамеша ҷонибдори рушди минбаъда ва тақвияти муносибатҳо бо Ҷумҳурии Словакия дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангӣ мебошад».
Дар мулоқот ҳамзамон атрофи масъалаҳои марбут ба тақвияти заминаи ҳуқуқии равобити Тоҷикистону Словакия, аз ҷумла таҳия ва имзои созишномаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, илму маориф, кишоварзӣ, энергетика, фанноварӣ ва саӣёҳӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Махсус таъкид карда шуд, ки ҳамасола дар доираи барномаи ҳукумати Словакия ба довталабони тоҷик бурсияҳо барои таҳсил дар риштаи магистратура аз рӯи соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт пешниҳод мегардад. Инчунин моҳи ноябри соли 2016 зимни сафари корӣ ба Тоҷикистон ҳайати расмии Вазорати корҳои хориҷӣ ва аврупоии Ҷумҳурии Словакияро гурӯҳи соҳибкорони бонуфузи словакӣ ҳамроҳӣ намуда, дар ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Словакия ширкат варзиданд. Дар ин ҳамоиш имкониятҳои тавсеаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишвар, роҳандозии тамосҳои мустақим миёни соҳибкорону сармоягузорони тоҷику словакӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ баррасӣ гардиданд.
Зикр шуд, ки ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Словакия дар соли гузашта беш аз 260 ҳазор доллари амрикоиро ташкил дод. Дар мулоқот изҳори боварӣ карда шуд, ки тавассути муколамаҳои доимии сатҳи баланд робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Словакия дар ҳама самтҳо мазмуну мундариҷаи нав касб хоҳад намуд.
Бояд гуфт, ки баргузории мулоқоти муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагон А. Азизӣ бо Сафири Славакия дар Ҷумҳуруии Тоҷикистон дар ҳолест, ки 20 апрели соли равон дар шаҳри Братислава машваратҳои сиёсии навбатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Словакия баргузор гардиданд.








Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Арабӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ қабул гардид
Доир ба рушди дипломатияи парламентӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Қазоқистон тақвият меёбад
Мавсума Муинӣ: «Мавқеъ ва саҳми занон дар дипломатияи парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоён аст»
Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ баргузор гардид
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба фарҳанги истифодаи оқилонаи захираҳои обро қабул намуд
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба таҳкими фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми арзишҳои фарҳангии миллатҳоро қабул намуд
Файзалӣ Идизода бо Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё Муҳаммадризо Маҷидӣ вохӯрӣ намуд
26 СЕНТЯБР — РӮЗИ МАҶЛИСИ ОЛӢ — ПАРЛАМЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти мақоми қонунгузор барои пешрафти давлат равона шудааст
Вохӯрии роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар доир шуд
Муҳаммадризо Маҷидӣ: «Фарҳанг чун яке аз пояҳои муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ байни мардуми Осиё хизмат менамояд»
Файзалӣ Идизода: «Ассамблеяи парламентии Осиё дар ташаккули фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагӣ нақши муҳим дорад»






