Усто Аҳмад: «Оҳангарӣ касби бисёр пуршараф аст»

Май 15, 2018 11:35

ДУШАНБЕ, 15.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. 12 — 13  майи соли равон дар «Боғи Ирам» Намоиши ҳунари оҳангарони кишвар таҳти унвони «Рӯзи оҳангарон» баргузор гардид. Дар ин намоиш, ки бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд, ҳунармандони оҳангар аз ҳар гӯшаву канори кишвар ташриф оварда, маҳсули меҳнати худро ба намоиш гузоштанд.

Иштирокдорони ин чорабинӣ муҳимияти онро барои муаррифии ҳунарҳои мардумӣ муҳим арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки доир намудани чунин намоишҳо ба оҳангарон шароит фароҳам меорад, то ҳунару маҳорати худро ба дигарон нишон дода, маҳсули меҳнаташонро ба фурӯш бароранд.

Аҳмад Умаров, оҳангар аз шаҳри Панҷакент аст, ки дар ин намоиш бо маҳсули меҳнати худ иштирок намуд. Дар зодгоҳаш ӯро чун Усто Аҳмад мешиносанд, ки хеле оҳангари моҳир аст. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо ӯ ҳамсуҳбат шуд.

АМИТ «Ховар»: Чаро маҳз оҳангариро пеша кардед?

Аҳмад Умаров: Вақте ҳазрати Довуд оҳанро ба даст мегирифтанд, ҳама дар ҳайрат мемонданд. Он кас бисёр оҳангари моҳир буданд. Ин касб аз ҳамон давраҳо омада расидааст. Оҳангарӣ касби бисёр пуршараф аст. Ҳар касе ин пешаро интихоб мекунад, ҳеҷ гоҳ аз он дил канда наметавонад. Оҳангарӣ ҳам мисли аспдавонӣ аст, ки агар бо он машғул шудӣ, аз он дил кандан душвор аст. Гузаштагони мо аз ин касб баракат ёфтаанд, ман ҳам шукр мекунам, ки оҳангар ҳастам.

АМИТ «Ховар»: Чӣ тавр ба ин ҷода ворид гаштед?

Аҳмад Умаров: Оҳангарӣ касби бобоии ман аст. Тамоми гузаштагони мо оҳангар буданд. Оҳангариро ман аз падарам Усто Усмон омӯхтам. Вақте хурд будам, кори падарамро тамошо мекардам ва медидам, ки он кас аз оҳанпорае асбоби барои рӯзгор муҳим месохтанд. Аз дуру наздик ба назди падарам эҳтиёҷмандон меомаданд ва асбоби барои худ лозимаро фармоиш медоданд. Падарам ҳамеша кӯшиш мекарданд, ки бо меҳру самимияти хос асбоби фармудашударо офаранд. Ин буд, ки он кас бо ҳунарашон дар дилу дидаи ҳамагон ҷой гирифтаву дар ҳама маъракаҳо болонишин буданд. Ҳамон вақт ба худ мегуфтам, ки ҳатман ин касби аҷибро меомӯзам ва ҳунарманд мешавам. Баъзан калиди устохонаро пинҳонӣ аз падарам гирифта, дар он ҷо кор мекардам.(механдад) Ҳамин тавр усто шудам.

АМИТ «Ховар»: Усто-ако, мегӯянд, ки «меъроси падар хоҳӣ, касби падар омӯз». Шумо аз падар омӯхтед ва мебинем, ки муваффақ ҳам шудед. Оё ба фарзандони худ ин касбро омӯзонидаед?

Аҳмад Умаров: Писарам Довуд, ки ба шарафи пири ин касб номашро гузоштаам, дар Донишгоҳи забонҳои хориҷӣ ба номи Сотим Улуғзода таҳсил мекунад. Дар баробари маълумоти олӣ, ҳамчунин касби бобоии худро омӯхта истодааст. Набераи хурдакакам ҳам аллакай ба ин касб рағбат пайдо кардааст. Ба қавле, оҳанро бинад ҷонаш медарояд, зеро дар хуни мо меҳр ба ин касб ҳаст.

АМИТ «Ховар»: Соли 2018 бо пешниҳоди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудааст. Шароити кор ва таваҷҷуҳ ба оҳангарӣ дар кадом сатҳ аст?

Аҳмад Умаров: Шароит хуб аст. Мо аз Пешвои миллат миннатдорем, ки барои дастгирии мо – ҳунармандон кӯшиш мекунанд, то шароити беҳтару хубтар фароҳам оварда шавад. Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани соли 2018 гувоҳи он аст, ки ҳунармандӣ мавриди таваҷҷуҳи хосаи Президенти кишвар аст. Ҳоло ҷавонони зиёд ба касбу кори гуногун машғуланд, аз ҷумла оҳангарӣ.

АМИТ «Ховар»: Талабот ба маҳсули офаридаи оҳангарон имрӯз чӣ гуна аст?

Аҳмад Умаров: Одамони зиёд имрӯз мебиёянду асбобу анҷоми рӯзгорро харидорӣ мекунанд ё фармоиш медиҳанд. Хориҷиҳо низ таваҷҷуҳи зиёд доранд. Хамеша мароқ зоҳир мекунанд, мепурсанд, ки чӣ гуна ин ҳама асбобҳо омода мешаванд. Баъзан ба ҷойи кори мо мераванд, бевосита мушоҳида мекунанд, ки чӣ гуна мо кор мекунем.

АМИТ «Ховар»: Дар ин рӯз, ки ба касби Шумо бахшида шудааст, чӣ хоҳиш ё пешниҳоде доред?

Аҳмад Умаров: Хоҳиш мекунам, ки маро дастгирӣ кунанд ва дар Душанбе бароям мағоза ё устохона диҳанд, то тавонам дар пойтахт фаъолият намуда, боз ҳам бештар ба мардум хизмат расонам. Шогирдонро тарбия карда, мактаби худро бунёд намоям.

Пешниҳод дорем, ки дар Душанбе растаи ҳунармандон ташкил карда шавад. Дар он аз ҳар касбу кори гуногун намояндаҳо бошанд ва ба кӯча ё растае табдил ёбад, ки ҳар нафари хоҳишманд, аз ҷумла сайёҳони хориҷӣ, тавонад аз он дидан намояд ва бо санъати ҳунармандони тоҷик шинос шавад.

Ҷасур АБДУЛЛО,

АМИТ «Ховар»

Май 15, 2018 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

ПИРЯХҲО ВА ОЯНДАИ САЙЁРА. Душанбе ба маркази муколамаи ҷаҳонӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо табдил меёбад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 май, панҷшанбе, 128-умин рӯзи соли 2025 аст
Бахшида ба Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа ҳамоиши ҷашнӣ баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Вобаста ба таҳияи омори расмии раванди мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ҳамоиш доир шуд
Дар доираи Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия таҷҳизоти нигоҳдорӣ ва истифодаи китобҳо беҳтар мегардад
Барои дарёфти «Ҷоми ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон» мусобиқаи варзишӣ эълон карда шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Таваҷҷуҳи сокинон ба парвариши маҳсулот дар гармхона бештар гардидааст
Моҳи май дар Душанбе Форуми ХVIII зиёиёни эҷодкор ва олимон баргузор мешавад
Дар Истаравшан вобаста ба истифодаи оқилонаи неруи барқ ҳамоиш баргузор гардид