Вазирони нақлиёти кишварҳои СҲИ дар маросими ифтитоҳи бандари баҳрии Туркменбошӣ иштирок менамоянд
ДУШАНБЕ, 02.05.2018/АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 3 май дар шаҳри Туркменбошии Туркманистон вохӯрии вазирони нақлиёти кишварҳои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ /СҲИ — ЭКО/ баргузор мегардад, ки дар он Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазири нақлиёт Худоёр Худоёрзода намояндагӣ мекунад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати робитаҳои байналмилалии Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ Фарида Ёқубзода иттилоъ дод, дар машварати вазирони нақлиёти кишварҳои СҲИ масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории нақлиётии кишварҳои узви ин Созмон, бахусус ҳамкорӣ дар бахши нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан, инчунин масъалаҳои марбут ба рушди долонҳои байналмилалии нақлиётӣ матраҳ мегарданд.
Интизор меравад, ки вазирони нақлиёти кишварҳои СҲИ ҳамзамон дар маросими ифтитоҳи бандари баҳрии байналмилалии Туркменбошӣ дар баҳри Хазар ва дар ҳамоиши байналмилалии «Шоҳроҳи бузурги Абрешим — марзҳои нави рушд», ки дар минтақаи миллии сайёҳии «Овоза» доир мегардад, ширкат намоянд.
Гуфта мешавад, ки дар ҳамоиши байналмилалӣ маҷмӯи масъалаҳои марбут ба тавсеаи ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла давлатҳои аъзои СҲИ дар бахши нақлиёт ва логистика тавассути истифодаи самараноки иқтидори бандарҳо, эҳёи ҳамкории сайёҳӣ, ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ ва соири масоили марбут ба рушди инфрасохтори нақлиётӣ баррасӣ мегарданд. Дар доираи баргузории ҳамоиши байналмилалӣ ҳамзамон намоишгоҳ вобаста ба мавзӯъ ва муҳтавои ҳамоиш дар назар дошта шудааст.








Ҳайати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо Парчами давлатии 500-метра дар роҳпаймоии идона иштирок намуданд
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир гардид
Сокинони Бадахшон Рӯзи Парчами давлатиро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карданд
24 НОЯБР — РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Он яке аз рамзҳои асосию муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад
Аз 1 январи соли 2027 тартиби содагардонидаи гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти таксӣ амалӣ мегардад
ҲАММАРОМИ «ДИРАФШИ КОВИЁН». Парчами давлатӣ танҳо рамз нест, балки нишони нангу номус, шараф ва ягонагии тамоми сокинони Тоҷикистон аст
Дар Душанбе таҳти унвони «Парчам – роҳнамои ояндаи босаодат» ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих






