Волидон ва тамоми вазорату идораҳои ҷумҳурӣ бояд дар якҷоягӣ барои таълиму тарбияи фарзанд амал намоянд

Май 15, 2018 11:46

ДУШАНБЕ, 15.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Таъмин намудани риояи қонунгузорӣ дар бораи ноболиғон ва ҷавонон, аз ҷумла ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон, назорати сифати таълиму тарбия ва пешгирӣ кардани ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни ноболиғону ҷавонон аз ҷумлаи масъалаҳои мубрами рӯз буда, мавриди таваҷҷуҳи доимии ниҳодҳои дахлдори давлатӣ, аз ҷумла Вазорати корҳои дохилӣ қарор дорад.

Тавре дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» Сардори қабулгоҳ-таҳвилгоҳи ноболиғони  Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ, подполковники милитсия Саидҷалол Наҷмудинзода зикр намуд, таълиму тарбияи насли наврас мақсаду мароми асосии сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат ба шумор рафта, рушди ояндаи ҷомеаро бе тарбияи дурусти он душвор мегардонад. Барои амалишавии ин мақсад дар назди давлат ва ҷомеа як қатор ўҳдадориҳо гузошта шуда, давлату Ҳукумат баҳри расидан ба ин ҳадафи муҳим ҷидду ҷаҳд менамоянд. Қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» муҳимияти масъалаи мазкурро бозгў намуда, масъулияти волидайнро дар муваффақ гаштан ба тарбияи дурусти фарзандон бештар сохт.

«Қабулгоҳ-таҳвилгоҳи ноболиғон яке аз шуъбаҳои махсусгардонидашудаи Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ ба шумор рафта, мақсади он таъмини муҳофизати муваққатии ноболиғон, инкишофи шахсияти кӯдак ва наврасон мебошад, — ёдовар шуд С. Наҷмуддинзода. Қабулгоҳ барои муваққатан нигоҳдорӣ ва пеш аз ҳама ба оила, муассисаҳои кӯдакона ё таълимӣ-тарбиявӣ баргардонидани кӯдакон ва наврасони аз 3 сола то 18 сола, ки ба кумаки давлат ва ҷомеа ниёз доранд, чора ва тадбирҳои лозима меандешад».

Саидҷалол Наҷмудинзода тазаккур дод, ки дар соли сипаригардида ба қабулгоҳ-таҳвилгоҳҳои Вазорати корҳои дохилӣ 953 нафар ноболиғ, аз ҷумла 646 нафар ба қабулгоҳ-таҳвилгоҳи шаҳри Душанбе (126 нафар духтарон ва 520 нафар писарон) ва 307 нафар ба қабулгоҳ-таҳвилгоҳи шаҳри Хуҷанд дастрас карда шуданд.

Ба гуфтаи ӯ, ноболиғоне, ки ба қабулгоҳ-таҳвилгоҳи шаҳри Душанбе дастрас карда мешаванд, дар бештари ҳолатҳо аз ҷониби волидонашон беназорат гузошта мешаванд. Онҳо дар кӯчаву хиёбонҳо даст ба ҳар гуна корҳои ношоям зада, ба беҳудагардӣ машғул мешаванд.

«Рушди босуръати муносибатҳои ҷамъиятӣ дар шароити кунунӣ ҳар як падару модарро водор месозад, ки барои таълиму тарбияи фарзанд масъул бошанд, зеро саҳлангорӣ ва бетарафӣ дар тарбияи фарзанд ба раванди инкишофи минбаъдаи ҷанбаҳои гуногуни ҷомеаи мо монеъ мегарданд. Фикр мекунам, ки дар сурате волидайн масъул шуда метавонанд, ки онҳо худ тарбияёфта бошанд ва роҳҳои тарбияро хуб донанд ва бетарафиро ихтиёр накунанд»,-афзуд С. Наҷмудинзода.

Тавре Сардори қабулгоҳ-таҳвилгоҳи ноболиғон иброз дошт, вақте ноболиғону наврасон ба ин қабулгоҳ-таҳвилгоҳ дастрас карда мешаванд шахсияти онҳо муайян карда шуда, онҳо суҳбати инфиродӣ гузаронида мешаванд. Дар ин кор равоншиносон бештар бо наврасон сару кор гирифта, рӯҳияи онҳоро меомӯзанд ва кӯшиш мекунанд, ки мушкили онҳоро дарёфт намуда, роҳи ҳалро ёбанд.

«Пас аз суҳбати инфиродӣ бо наврасон мо волидони онҳоро даъват намуда, бо онҳо ҳамсуҳбат мешавем. Дар сурати аз ҷониби волидонашон ҷой доштани ҳуқуқвайронкуниҳо нисбат ба онҳо дар асоси моддаи 90 Кодекс ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ба судҳо ирсол карда мешаванд, — таъкид намуд С. Наҷмудинзода. Бо ин гуна ҳолат дар соли сипаригардида аз шумораи 646 нафар ноболиғони дастрасшуда нисбат ба 381 нафар волидони онҳо протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуд».

С. Наҷмудинзода бар он назар аст, ки тарбияи фарзанд дар рўҳияи баланди ватандўстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ пеш аз ҳама аз муҳити хонаводагӣ сарчашма мегирад. Агар фарзанд аз овони кўдакӣ дар муҳити орому солим тарбия наёбад ва моҳияти таълиму тарбияро дарк накунад, дар ҳаёти минбаъдаи худ ба мушкилиҳои зиёде рў ба рў мегардад ва дар ҷомеа мавқеи худро пайдо карда наметавонад.

«Тамоми вазорату идораҳои ҷумҳурӣ бояд дар якҷоягӣ барои таълиму тарбияи фарзанд ҳамкорӣ намоянд. Агар дар якҷоягӣ ҳамкорӣ карда нашавад, сатҳи ҷинояткорӣ паст нагашта, сатҳи таълиму тарбия баланд намеравад», — зикр намуд ӯ.

Дар фарҷоми суҳбат Сардори қабулгоҳ-таҳвилгоҳи ноболиғони  Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ, подполковники милитсия Саидҷалол Наҷмудинзода аз тамоми волидон, муассисаҳои таълимӣ, дигар вазорату идораҳо даъват намуд, ки дар якҷоягӣ ҳамкорӣ намоянд, то дар тарбияи насли наврас саҳмгузор бошанд.

 Шаҳлои САДРИДДИН,

АМИТ «Ховар»

Май 15, 2018 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

ПИРЯХҲО ВА ОЯНДАИ САЙЁРА. Душанбе ба маркази муколамаи ҷаҳонӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо табдил меёбад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 май, панҷшанбе, 128-умин рӯзи соли 2025 аст
Бахшида ба Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа ҳамоиши ҷашнӣ баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Вобаста ба таҳияи омори расмии раванди мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ҳамоиш доир шуд
Дар доираи Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия таҷҳизоти нигоҳдорӣ ва истифодаи китобҳо беҳтар мегардад
Барои дарёфти «Ҷоми ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон» мусобиқаи варзишӣ эълон карда шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Таваҷҷуҳи сокинон ба парвариши маҳсулот дар гармхона бештар гардидааст
Моҳи май дар Душанбе Форуми ХVIII зиёиёни эҷодкор ва олимон баргузор мешавад
Дар Истаравшан вобаста ба истифодаи оқилонаи неруи барқ ҳамоиш баргузор гардид