Ба «Тоҷикаэронавигатсия» барои воридоти таҷҳизоти муосир сабукӣ дода мешавад
ДУШАНБЕ, 11.06.2018/АМИТ «Ховар»/. Палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ояндаи наздик ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» илова ворид менамояд.
-Ҳадафи ворид намудани илова ба қонуни мазкур ворид намудани таҷҳизоти муосир, таъмини рушди минбаъдаи соҳаи нақлиёти ҳавоӣ ва ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ намудани хизматрасонӣ, аз ҷумла, таъмини амнияти парвозҳо дар фазои ҳавоии кишвар мебошад,- гуфт дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон раиси кумитаи палатаи поёнии Парлумони мамлакат Шариф Раҳимзода.
Тибқи илова ба қонуни мазкур, соли равон воридоти таҷҳизоти муосири радиоэлектронӣ, ки аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» харидорӣ мегардад, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад. Таъкид шуд, ки номгӯй ва миқдори воридоти таҷҳизоти муосири радиоэлектронӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад.
Аъзои Шӯро ҳамчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» ва «Дар бораи иттифоқҳои қарзӣ»-ро баррасӣ намуда, қарорҳои марбута қабул намуданд.








Дар Душанбе тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба бартараф намудани ҳама гуна ҳуқуқпоймолкунӣ нисбат ба занон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид






