Бо пешниҳоди Ҳукумат Парлумон ба «Тоҷикаэронавигатсия» имтиёзҳои андозӣ дод

Июнь 13, 2018 13:55

ДУШАНБЕ, 13.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Вакилони палатаи поёнии Парлумони  мамлакат пешниҳоди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавриди додани имтиёзҳои андозию гумрукӣ ба Корхонаи воҳиди давлатии  /КВД/ «Тоҷикаэронавигатсия» ҷиҳати ворид намудани таҷҳизоти муосири радионавигатсионӣ ҷонибдорӣ намуданд. Дар ин росто, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» илова ворид гардид.

Муовини Вазири молияи  ҷумҳурӣ Ҷамшед Нурмуҳаммадиён ҳадафи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018»-ро дар  Парлумони мамлакат тавзеҳ дода, гуфт, ки ин тадбир  ҷиҳати  иҷрои «Барномаи давлатии  рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2025»   андешида шудааст.

Мавсуф афзуд, ки  дар асоси ворид намудани  илова ба қонуни мазкур  КВД «Тоҷикаэронавигатсия» барои ворид намудани таҷҳизоти муосири радионавигатсионӣ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ  озод карда мешавад. Ҳадафаш таъмини рушди минбаъдаи соҳаи нақлиёти ҳавоӣ ва ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ намудани хизматрасонӣ, аз ҷумла, таъмини амнияти парвозҳо дар фазои ҳавоии кишвар мебошад.

Тибқи шартнома, арзиши таҷҳизоти  воридшаванда 1,2 миллион доллар буда, маблағи имтиёзҳои андозию гумрукӣ  278,4 ҳазор доллари амрикоӣ ё 2,5 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Таъкид гардид, ки бо харидорӣ ва васл намудани таҷҳизоти муосири радиоэлектронӣ аз сӯи КВД «Тоҷикаэронавигатсия»  имконият пайдо мегардад, ки маблағҳои буҷавӣ барои Вазорати мудофиаи мамлакат  сарфа шуда, бо назардошти  созмон додани низоми парвозҳои бехатар дар фазои ҳавоӣ ва фурудгоҳҳои кишвар сатҳу сифати хизматрасонӣ беҳтар гардад.

Муовини директори генералии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» Раҳимҷон Саидов,  ки ҳамзамон дар баррасии  масъалаи мазкур ҳузур дошт, гуфт, ки воридоти таҷҳизоти муосир ба  таъмини бехатарии фазои ҳавоии кишвар,  рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ ва  зиёд намудани парвозҳои транзитӣ мусоидат менамояд.

Раҳимҷон Саидов зикр кард, ки таҷҳизоти муосири радионавигатсионӣ вақтҳои наздик ба кишвар ворид гардида, интизор меравад, ки моҳи июл насбу васл  шаванд. Мавсуф афзуд, ки таҷҳизоти муосири  воридшаванда таҷҳизоти муайянкунандаи самти  масофаи ҳавопаймо то фурудгоҳ буда, шаш адад  мебошанд. Ин таҷҳизот дар тамоми фурудгоҳҳои   кишвар ва ду адади он дар нуқтаҳои баландтарини мамлакат,  ба мисли ағбаи Шаршар  ва шимоли кишвар насб карда мешаванд.

Таъкид шуд, ки воридоти таҷҳизоти  муосири радионавигатсионӣ барои таъмини амнияти фазои ҳавоии кишвар аз аҳамияти калон бархурдор буда, дар ин росто ба афзоиш ёфтани хатсайрҳои транзитӣ дар фазои ҳавоии  кишвар мусоидат менамояд.

Июнь 13, 2018 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ