Дар деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон пули нави мошингузар бунёд мегардад
ХОРУҒ, 19.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ дар километри 638-уми шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб- Қалъаихумб- Хоруғ- Мурғоб- Қулма сохтмони пули нави мошингард аз болои дарёи кӯҳии деҳаи Барсеми Ҷамоати Сучони ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон идома дорад.
Сардори Муассисаи давлатии хоҷагии роҳҳои мошингарди вилоят Гулаёз Рамазонов дар суҳбат бо хабарнигори минтақавии «Ховар» гуфт, ки «тобистони соли 2015 бар асари ҷорӣ шудани сели азим маҷрои дарёи Ғунд баста шуда, беш аз 200 метр роҳи мошингард низ зери об монд. Ба мақсади барқарор кардани ҳаракати нақлиёт роҳсозон маҷбур шуданд, ки сангҳои азимро тарконда, аз камари кӯҳ роҳи нав бунёд кунанд. Дар ҳамин қитъаи роҳ як дарёи кӯҳӣ низ мавҷуд аст, ки аз болояш пули муваққатӣ сохтанд. Вале дар мавсими обхезӣ сатҳи об баланд гардида, барои ронандагон мушкили зиёд эҷод мекард. Бинобар ин Вазорати нақлиёт барои бунёди пули нави мошингузар 600 ҳазор сомонӣ ҷудо кард ва бунёди онро коргарони Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Дорожник» ба уҳда гирифтанд».
Ҳоло дар сохтмон 80 фоизи корҳо ба анҷом расидаанд. Қарор аст, ки дар нимаи сеюми моҳи июн пули мазкур ба истифода дода шавад.
Бояд гуфт, ки бунёди пули мошингард аз болои дарёи Шорви Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон на танҳо рафтуомади сокинони ин ноҳияро осон мегардонад, балки ба сари вақт интиқол додани молу коло ба тамоми манотиқи кишвар низ мусоидат мекунад. Зеро ин қитъаи роҳ шомили шоҳроҳи байналмилалии Кӯлоб- Қалъаихумб -Хоруғ -Қулма буда, ҳамарӯза аз он садҳо мошинҳои сабукраву боркаш убур мекунанд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






