Дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» идома дорад

Июнь 21, 2018 10:03

ДУШАНБЕ, 21.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҷаласаҳои пленарӣ дар мавзӯъҳои: «Амал дар масоили вобаста ба об, озуқаворӣ, энергия ва муҳити зист», «Амал дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва паст кардани хатари офатҳои табиӣ», «Амал дар соҳаи устувории об дар шаҳрҳо ва шаҳракҳо» аллакай ба кори худ оғоз карданд.

Иштирокдорони Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯъҳои  мазкур мулоҳизаҳо, мушоҳидаҳо, хулосаҳо, таҷрибаҳо ва пешниҳодоти худро барои беҳтар кардани фаъолият дар самти таъминот ва мудирияти оби ошомиданӣ, пайвавстагии об бо масоили озуқаворӣ ва  энергрия пешниҳод мекунанд.

Дар назар дошта шудааст, ки нимаи дуюми рӯз мавзӯъҳои: «Маблағгузорӣ ва инфрасохтори устувори соҳаи об», «Ҳамкории наздисарҳадӣ ва дипломатияи об», «Масоили об барои қишри осебпазири мардум, муҳоҷирон ва паноҳандагон» баррасӣ карда мешаванд.

Хотиррасон мешавем, ки дирӯз дар «Кохи Сомон» Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки зиёда аз 1500 меҳмонон аз 120 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла,  сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо, роҳбарон, намояндагони доираҳои гуногуни сиёсӣ ва тиҷоратии ҷаҳонӣ,  вазорату идораҳои дахлдори хориҷӣ ба кори худ оғоз кард.

Мавриди зикр аст, ки хадафи Конфронси мазкур баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум оид ба амалисозии саривақтӣ ва босамари   Ҳадафҳои рушди устувор, баррасии Нақшаи амали Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018-2028» дар сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва кишвари алоҳида мебошад.

Тавре аз Котиботи Конфронси  мазкур  ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар хотимаи он  бо дастгирии Кумитаи раҳбарикунандаи байналмилалӣ ва машварат бо ҳайтаҳои расмӣ се ҳуҷҷати ниҳоӣ омода ва қабул карда  мешавад:

  1. Эъломияи иштироккунандагон, ки тавсияҳои асосии Конфронсро барои амалисозии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор,  солҳои 2018-2028» дар бар мегирад.
  2. Даъват барои амалҳо ҳамроҳ бо рӯйхати ташаббусҳо ва робитаҳои шарикӣ, ки иштироккунандагон дар ҷараёни Конфронс барои амалисозии Даҳсола ва дигар масъалаҳои дахлдор пешниҳод хоҳанд шуд.
  3. Хулосаи ҳамраисон, ки маълумоти асосии ҷаласаҳои Конфронсро дар бар мегирад.
Июнь 21, 2018 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон