Дар ноҳияи Лахш сел роҳ ва заминҳои наздиҳавлигиро зери об кард

Июнь 6, 2018 11:44

ДУШАНБЕ, 06.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. 5 июни соли 2018 дар натиҷаи боридани боронҳои зиёд дар деҳаҳои Янгишаҳр, Ҷултерак, Сурхоб ва Қӯшағбаи ноҳияи Лахш сел омада, ҳудуди 20 қитъа  замини наздиҳавлигии сокинон зери об монд.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ хабар дода, изҳор намуд, ки «бар асари ин офати табиӣ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашуда, манзилҳои сокинон низ осеби ҷиддӣ надидаанд. Танҳо як иншооти ёрирасон пурра ва панҷ иншооти дигари ёрирасон қисман хароб шудаанд».

Ҳамчунин ба иттилои Умеда Юсуфӣ, дар натиҷаи боронгариҳо ва резиши сангтӯда се километр роҳи Ваҳдат – Лахш – Саритош, аз километри 250 то 253 барои муддате баста гардида, пас аз тоза кардани роҳ аз сангтӯда, ҳоло ҳаракат тариқи ин қитъаи роҳ аз нав роҳандозӣ гардид.

Барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ ва ҳисоби зарари расида дар ҷойи ҳодиса комиссияи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ фаъолият дорад.

 

Июнь 6, 2018 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд