Дар Парлумони мамлакат Стратегияи рушди низоми пардохт баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 12.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Назорати татбиқи Стратегияи рушди низоми пардохт, насби терминалҳои пардохтӣ ва истифодаи васеи кортҳо» дар ҷаласаи «Хониши парлумонӣ», ки имрӯз дар ҳузури муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагон Абдуҷаббор Азизӣ доир гардид, баррасӣ шуд.
Зикр гардид, ки масълаи мазкур тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, гузаронида мешавад.
Гуфта шуд, ки низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ҷузъҳои асосии инфрасохтори молиявӣ мебошад, ки фаъолияти устувору мунтазами низоми молиявии кишвар, татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва буҷетиро бо сари вақту бехатар гузаронидани пардохтҳо ва ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ҷиҳати коҳиш додани ҳаҷми пули нақд дар муомилот таъмин намуда, ба рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Таъкид гардид, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои қарзӣ барои вусъат додани истифодаи кортҳои пардохтии бонкӣ дар савдои чакана ва қабули онҳо ҳангоми пардохти молу хизматрасониҳо бояд тадбирҳои зарурӣ андешад. Чунки таъмини фаъолияти устувору бехатари низоми пардохти кишвар ва зиёд намудани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ яке аз мақсадҳои Бонки миллии Тоҷикистон буда, омили муҳими таъмини суботи низоми молиявии кишвар маҳсуб меёбад.
Аз палатаи поёнии Парлумони мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки аз рӯи ин масъала ҳамзамон муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Лола Салимова ибрози назар намуд.
Ҳамзамон байни вакилони Маҷлиси намояндагон ва кормандони масъули Бонки миллии Тоҷикистон музокироти судманд сурат гирифт.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






