Дар шаҳри Турсунзода оид ба истифодаи қонунии неруи барқ ҷамъомад доир гардид
ТУРСУНЗОДА, 14.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар маҷлисгоҳи ҶСК шабакаҳои барқи шаҳри Турсунзода бо иштироки раисони маҳаллаҳо, рӯҳониён, назоратчиёни барқи шабакаҳои барқ оид ба истифодаи қонунӣ ва самарабахши неруи барқ дар байни аҳолии шаҳр ҷамъомади судманд доир гардид. Дар ин бора масъулини барқи шаҳри Турсунзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Сардори шабакаҳои барқи шаҳри Турсунзода Салоҳиддин Холиқзода зикр намуд, ки аҳолии шаҳри Турсунзода бо барқи доимӣ таъмин аст. Мутахассисони шабакаҳои барқ сари вақт ҳолатҳои садамавиро бартараф намуда, барои таъмини барқи доимии аҳолӣ ба таври шабонарӯзӣ меҳнат мекунанд. Ҳарчанд 50 нафар танзимгарони барқ бо фаъолону раисони маҳаллаҳо дар байни аҳолӣ мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд ҳам, вале баъзе шаҳрвандон дидаву дониста, ба истифодаи ғайриқонунии неруи барқ машғул мегарданд.
Соли равон дар шаҳри Турсунзода нисбат ба 127 нафар барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ба маблағи умумии 98 ҳазору 572 сомонӣ санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд.
Зимни ҷамъомад мутахассисон зикр карданд, ки баъзе шаҳрвандон барои насупоридани маблағи қувваи барқ ва ҳисоб накардани ҳисобкунакҳои барқии электронӣ ба таври ғайриқонунӣ майдони магнитӣ ташкил намудаанд.
Дар ҷамъомад аз рӯҳониёну фаъолони деҳот ва раисони маҳаллаҳо хоҳиш карда шуд, ки дар якҷоягӣ бо назоратчиёни барқ бо аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






