Дар тӯли фаъолияти иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагон 162 санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардид

Июнь 29, 2018 16:07

ДУШАНБЕ, 29.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. «Парламент корхонаи азими роҳсозии миллат ва давлат аст. Ин роҳро мо то кадом дараҷа суфта, сифатнок, ба сӯи ормонҳо ва хостаҳои халқ ва ба манфиати имрӯзу фардои давлат ва соҳибихтиёрии миллат месозем, ба ҳамон андоза ба рушди давлат, ваҳдати миллат ва саодати ҳар хонадони кишварамон  хизмат менамоем». Ин матлаб имрӯз зимни  гузориши Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров дар ҷаласаи хотимавии иҷлосияи чоруми палатаи поёнии Парлумони мамлакат  оид ба фаъолияти иҷлосияи чорум садо дод.

Бо натиҷагирӣ аз фаъолияти  иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагон Ш.Зуҳуров иброз дошт, ки дар ин давра аз ҷониби вакилони Парлумон дар бахши қонунгузорӣ, намояндагӣ ва робитаҳои байнипарлумонӣ корҳои муҳиме ба нафъи давлату миллат ба анҷом расонида шуданд. Таъкид гардид, ки дар марҳилаи сипаришудаи фаъолияти Маҷлиси намояндагон Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти муҳтарами кишварамон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ рӯйдоди муҳими таърихӣ буд.

Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин афзуд, ки дар марҳилаи сипаришуда 42 ҷаласаи Шӯро ва 26 ҷаласаи Маҷлиси намояндагон доир гардиданд, ки дар онҳо 162 санади меъёрии ҳуқуқӣ ва шартномаҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз он 6 қонуни конститутсионӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионӣ, 9 қонуни мукаммал, 50 қонун оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳо, 32 қонун оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо  ба кодексҳо, 53 созишнома, 1  конвенсия, 3 шартнома, 5 протокол ва ёддошт, 2 барномаи давлатӣ, 1 стратегия ва 9 қарори Маҷлиси намояндагон доир ба масъалаҳои гуногун мебошанд.

Инчунин ду ҷаласаи муштараки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон доир гардид, ки дар яке Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Паёми хешро ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод намуданд. Дар ҷаласаи дуюм як силсила фармонҳои Президенти мамлакат тасдиқ карда шуданд.

Таъкид шуд, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар ин давра қабул шуда, ба таҳкими Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва таъмини зиндагии шоистаи сокинони кишвар равона шудаанд.

Июнь 29, 2018 16:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид