Дар Туркия Анҷумани тоҷикон таъсис ёфт
ДУШАНБЕ, 18.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Истанбули Туркия Анҷумани тоҷикон таъсис дода шуд, ки то ҷое рамзӣ низ мебошад.
Ҳадафи таъсиси Анҷумани тоҷикон дар Туркия муттаҳид ва ба ҳам овардани ҳамватанони муқими кишвари дӯсту бародари Тоҷикистон — Туркия мебошад.
-Анҷуман дар самти фароҳам овардани шароити зарурии фарҳангӣ, дастгирии маънавӣ ва ҳуқуқии табақаҳои гуногуни шаҳрвандони кишвар, ҷанбаҳои дигари будубоши ҳамватанон дар кишвари иқомат ва ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ фаъолият хоҳад кард,-мегӯяд муовини роҳбари Анҷумани тоҷикон дар Туркия оид ба ҳамкорӣ бо ВАО ва равобити хориҷӣ Хуршед Назархудоев.
Анҷуман дар баробари ин ба ҳамватанон барои ворид гардидан ба ҷомеаи кишвари иқомат, риояи қонунгузорӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба иқомат дар Ҷумҳурии Туркия дар доираи қонунҳои амалкунандаи кишвар корҳои роҳнамоӣ анҷом медиҳад.
Ҳадафҳои Анҷуман дар оянда бо дарназардошти таҷрибаи иқомати ҳамватанон, мушкилоти мавҷуда ва пешниҳодҳои дахлдор такмил хоҳад гардид.
Саҳифаи расмии анҷуман дар сомонаи иҷтимоии Фейсбук чунин аст: https://www.facebook.com/tojikoniturkiya/








Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд






