Ифтитоҳи бинои прокуратура дар шаҳри Конибодом

Июнь 27, 2018 09:54

ДУШАНБЕ, 27.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Конибодом бинои мақомоти прокуратураи шаҳрро дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор доданд. Бинои прокуратура дар шаҳри Конибодом бо тарҳи нав ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бо тамоми инфрасохтори зарурӣ бунёд ёфта, барои кормандон шароити муосиди корӣ фароҳам оварда шуд.

Зимни ба истифода додани  бино, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандонро  ба 21-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, мавриди истифода қарор гирифтани бинои навро туҳфаи арзанда дар ин рӯзи барои мардуми тоҷик таърихӣ ва тақдирсоз муҳим арзёбӣ намуданд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки барои сохтмони бинои мақомоти прокуратураи шаҳри Конибодом зиёда аз 2 миллион сомонӣ сарф гардида, он имрӯз бо сифати баланд ба истифода супорида шуд. Бинои нави мақомот таҳхона ва дуошёна иборат аст. Дар таҳхонаи бино бойгонӣ ва толори варзишӣ ҷойгир карда шудааст.

Дар ошёнаи якуми бино ҳуҷраи  котибот, ошхона, ҳуҷраҳои корӣ, санитарӣ, посбон, дар ошёнаи дуюм бошад ҳуҷраҳои корӣ, толори маҷлисгоҳ бо ғунҷоиши 40 ҷойи нишаст, ҳуҷраи фароғатӣ, қабулгоҳ, ҳуҷраи санитарӣ ва дигар утоқҳои ёрирасон ҷойгир мебошанд. Ҳама утоқҳои корӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасон бо миз ва дигар таҷҳизоти лозимаи корӣ ва технологияи компютерӣ таъмин мебошанд.  Тибқи нақша дар таҳхонаи бино барои ба варзиш машғул шудани кормандон ва обу тоби бадан толори варзишии дорои таҷҳизоти замонавӣ сохта шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки фармоишгари бинои нави мақомоти прокуратура дар шаҳри Конибодом идораи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии вилояти Суғд буда, сохтмони иншоот моҳи апрели соли 2018 оғоз гардида, он имрӯз дар муҳлати кӯтоҳ бунёд ёфта, мавриди истифода қарор дода шуд. Лоиҳаи иншоот бошад аз ҷониби ҶДММ «Суғд лоиҳакаш» таҳия гардида, пудратчии асосӣ ҶДММ «СМС» мебошад. Аз сохта мавриди истифода қарор гирифтани бинои нав кормандон изҳори хушҳолӣ намуда, миннатдории худро барои дастгирииҳои ҳамешагии роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти фароҳам сохтани шароити арзандаи корӣ баён доштанд.

Ифтитоҳи бинои прокуратура дар шаҳри Конибодом 27.06.2018

Июнь 27, 2018 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд