Иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай

Июнь 10, 2018 11:40

ДУШАНБЕ, 10.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. 10 июни соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок ва суханронӣ карданд.

Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ин навбат дар ҳайати 8 кишвари аъзо — Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, ҷумҳуриҳои Қазоқистону Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуд.

Дар макони баргузории ҷаласа Маркази ҳамоишҳои байналмилалии Чин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар сарони давлатҳою ҳайатҳои воломақомро Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин истиқбол гирифт.

Пас аз маросими аксгирии муштарак ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай бо иштироки сарони давлатҳои Тоҷикистон, Ҳиндустон, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Россия ва Ӯзбекистон дар ҳайати маҳдуд ҷараён гирифт.

Дар ҷаласа масъалаҳои рӯзномаи корӣ, ки асосан аз дарёфти роҳҳои муҳиму муштараки муқовимат бар зидди терроризми байналмилалӣ, рушди ҳамкории давлатҳои аъзо дар самтҳои гуногуни амният, иқтисодиёт, ҳамкории фарҳангӣ ва гуманитарӣ, инчунин дигар мавзуъҳои мубрами минтақавию ҷаҳонӣ иборат буд, мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Дар ҷаласаи ҳайати васеъ сарони давлатҳою ҳукуматҳои нозир аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Беларус, Эрон, Монголия, намояндагони воломақоми Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Шанхай, раёсати Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Машварати ҳамгироӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, инчунин коршиносони дигар ташкилоту созмонҳои байналмилалию минтақавӣ иштирок карданд.

Дар оғоз Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҳукумати кишвари мизбон барои дар сатҳи баланди ташкилӣ омода ва доир кардани Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ва пазироии самимии иштирокчиёни ҳамоиши навбатӣ изҳори сипос намуданд. Сарвари давлат ба нақши Чин дар давраи раёсат дар Созмони Ҳамкории Шанхай ва натиҷаҳои кори он баҳои баланд доданд.

Президенти мамлакат таваҷҷуҳи сарони давлатҳо ва ҳайатҳоро ба масъалаи таъмини амнияту субот дар минтақа ва ҷаҳон ҷалб карда, таъкид доштанд, ки мо бояд бо талошҳои муштарак мунтазам ҳамбастагии худро баҳри пойдории сулҳ, амният ва субот, инчунин рушди равобити тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ дар чаҳорчӯби Созмони Ҳамкории Шанхай равона намоем.

Барои мубориза бо терроризм ва экстремизм, қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, пешгирии паҳнкунии идеологияи радикалӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, таҳкими ҳамкории муштарак зарур шумурда шуда, пешниҳод гардид, ки сохтори алоҳида — стратегияи зидди маводи нашъаовари Созмони Ҳамкории Шанхай ва Барномаи амал оид ба иҷрои он таъсис дода шавад.

Зимни баромади пурмуҳтаво ҳамчунин Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба мавқеи устувори ҷониби Тоҷикистон дар самти ҳалли мушкилоти глобалӣ, рушди ҳамкориҳои судманд бар нафъи кишварҳои аъзо, густариши робитаҳои зичи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, неруҳои мудофиавӣ, дарёфти роҳҳои ҳалли низоъҳои ҳарбӣ дар Афғонистон ба хотири таъмини амнияти минтақа, андешаронӣ карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таваҷҷуҳи сарони давлатҳо ва ҳайатҳо ҳамчунин масъалаҳои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, истифодаи имкониятҳои нақлиётию транзитӣ, баҳрабардорӣ аз захираҳои гидроэнергетикӣ, татбиқи лоиҳаҳои таҷдид ва сохтмони роҳҳои мошингарду оҳан, таъсиси долонҳои нақлиётии минтақавӣ бо дастрасӣ ба бандарҳои баҳрӣ, ҳалли мушкилоти глобалии тағйирёбии иқлими сайёра, коҳиш додани ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ ба ҳаво, таъмини кишварҳои минтақа бо барқи аз лиҳози экологӣ тозаро ба миён гузоштанд.

Дар охир Сарвари давлат пешниҳод карданд, ки баҳри таъмини амнияти озуқавории кишварҳо дар соҳаи кишоварзӣ ворид кардани технологияҳои инноватсионӣ, барои ваҳдату ҳамбастагии мардумони минтақа таҳкими ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ ва муаррифии имкониятҳои сайёҳиро ба роҳ монанд.

Пас аз анҷоми суханрониҳои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар маҷмуъ 22 санади нави ҳамкорӣ қабул гардид.

Ҳамин тавр баъди анҷоми кори ҷаласаи навбатӣ раёсат дар Созмони Ҳамкории Шанхай барои солҳои 2018-2019 ба ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон гузашт.

Дар нишасти матбуотӣ бо иштироки сарони ҳамаи давлатҳои аъзои Созмон Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барои доираи васеи хабарнигорон оид ба натиҷаҳои кори Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай изҳорот дод.

Шоми рӯзи 9 июн Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарони дигар кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар зиёфати Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ба ифтихори роҳбарони ҳайатҳои иштирокдор ва дар шоу барнома ва фейерверк иштирок карданд.

Дар ҳошияи Ҷаласаи шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот карда, вазъи феълии муносибатҳои дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамҷавориро баррасӣ намуданд.

Ёдовар мешавем дар доираи сафари корӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарони кишварҳои аъзо ва нозири Созмони Ҳамкории Шанхай Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ашраф Ғанӣ, Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусайн, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ва Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ мулоқотҳои судманду самимӣ доир карда, муносибатҳои ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд.

Иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ 1

Июнь 10, 2018 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар»
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар 5 соли охир аз ҷониби низоми бонкии мамлакат беш аз 80 миллиард сомонӣ қарз дода шуд»
Оғози пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”
Омодагӣ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия сафар намуданд
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад