«МАРҲАМАТ БА ТОҶИКИСТОНИ МЕҲМОННАВОЗ!». Тарғиби фолклори тоҷикон дар ҷазираи Ситсилияи Италия

Июнь 23, 2018 10:55

ДУШАНБЕ, 23.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Рагузаи Италия пажӯҳандагони беш аз 50 кишвари дунё (аз 4 қитъаи олам: Осиё, Аврупо, Африқо, Амрико) дар бораи фолклори тоҷик ва эълони Соли сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон аз профессори ДМТ Равшан Раҳмонӣ маълумот гирифтанд.

Рӯзҳои  12 — 16 июни соли равон дар шаҳри Рагузаи ҷазираи Ситсилияи Ҷумҳурии Италия ҳамоиши байналмилалии яке аз созмонҳои бонуфузи фолклоршиносии кишварҳои ҷаҳон бо номи «Анҷумани байналмилалии пажӯҳиши нақлҳои фолклорӣ» (International Society for Folk Narrative Research = ISFNR) баргузор шуд.

Дар ҳамоиш муҳаққиқони беш аз 50 кишвари дунё зиёда аз рӯи 110 мақола дар 29 бахш оид ба мавзӯъҳои гуногуни нақлҳои фолклорӣ сухан гуфтанд. Дар ҳар бахш ҳар рӯз 6-7 мақола шунида мешуд. Барои ҳар сухангӯ 30 дақиқа вақт ҷудо шуда, 10 дақиқаи он барои баҳсу мунозира буд.

«Анҷумани байналмилалии пажӯҳиши нақлҳои фоклорӣ» дар ҷаҳон ягона созмонест, ки бо ташаббуси он қариб ҳар сол дар яке аз кишварҳои дунё муҳаққиқони фолклоршиноси узви ин анҷуман ташриф оварда, мубодилаи афкор менамоянд. Ташкили идеяи ин созмон аз ҷониби мардумшинос ва фолклоршиноси немис Курт Ранке (Kurt Ranke) (1908 – 1985) дар ҳамоиши мардумшиносон ва фоклоршиносон, ки соли 1959 дар ш. Киели Германия доир шуд, оғоз ёфта, баъд худи ҳамон сол дар ш. Копенҳагени кишвари Дания ба вуҷуд омад ва баъдан соли 1962 дар ш. Антверпене (Белгия) ба таври расмӣ ин Анҷуман ба кори худ оғоз кард.

Президенти нахустини анҷумани мазкур Курт Ранке (Kurt Ranke, 1959-1974) буд. Баъдҳо аз Филландия Лаури Ҳонко (Lauri Honko, 1974-1989), аз Норвегия Реймунд Квиделанд (Reimund Kvideland, 1989-1998), аз Исроил Гаилит Ҳасан (Gailit Hasan, 1998-2005), аз Эстония Уло Валк (Ulo Valk, 2005-2009), аз Германия Улрих Марзулф (Ulrich Marzulph, 2009-2016) президенти ин анҷуман интихоб шуданд. Ҳоло аз соли 2016 президенти «Анҷумани байналмилалии пажӯҳиши нақлҳои фолклорӣ» (International Society for Folk Narrative Research = ISFNR) аз Ҳиндустон профессор Садҳана Наитҳани (Sandhana Naithani) аст.

То имрӯз «Анҷумани байналмилалии пажӯҳиши нақлҳои фолклорӣ» дар беш аз 80 кишвари дунё зиёда аз 700 нафар узв дорад. Аз ҳавзаи Осиёи Марказӣ, аз Тоҷикистон профессори ДМТ Равшан Раҳмонӣ аз соли 2003 узви ин анҷумани бонуфузи ҷаҳонӣ аст. Борҳо мақолаҳои Р.Раҳмонӣ аз тариқи ин созмон пешкаши аҳли назар шудаанд.

Соли равон дар ҳамоиши навбатии ин Анҷуман Р.Раҳмонӣ дар мавзӯи «Ҳикояҳои асотирӣ дар байни тоҷикон» бо илова дар бораи фолклори мардуми тоҷик, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон сухан гуфт.

Зимни шунидани суханронии Р.Раҳмонӣ президентҳои собиқи Гаилит Ҳасан (Gailit Hasan, 1998-2005), Уло Валк (Ulo Valk, 2005-2009), Улрих Марзулф (Ulrich Marzulph, 2009-2016) ва президенти кунунии «Анҷумани байналмилалии пажӯҳиши нақлҳои фолклорӣ» профессор Садҳана Наитҳани (Sandhana Naithani) иштирок доштанд. Гузоришҳои Р.Раҳмонӣ ва саволу ҷавобҳо аз ҷониби профессори немис Улрих Марзулф тарҷума шуд.

Пас аз суханронии Р.Раҳмонӣ ва дидани суратҳо муҳаққиқони кишварҳои гуногуни олам, ки аксари онҳо дар бораи Тоҷикистон иттилои камтар доштанд, шефтаи дидани  кишвари мо  шуданд. Р.Раҳмонӣ дар ҷамъбасти сухани хеш иброз дошт, ки агар шумо дараву домани кӯҳҳо, талу теппаву ғорҳо, мазору ҷойҳои муқаддаси Тоҷикистонро дидану  аз мардум дар бораи онҳо нақлҳои ҷолиб шунидан хоҳед, марҳамат ба Тоҷикистон; агар шумо бо ҳунарҳои мардумии тоҷикон, ки бо табиати кӯҳистони кишвар пайванд ва қадимиянд, шинос шудан хоҳед, марҳамат ба Тоҷикистон; агар шумо аз гармию нармию зебоиҳои шаҳри Душанбе ҳаловат бурдану  баъдан дар 50 километр аз Душанбе дуртар дар «Сафеддара» дар рӯи барф лижаронӣ кардан хоҳед, марҳамат ба Тоҷикистон; агар шумо кӯҳгардиро дӯст медоред, марҳамат ба тамошои кӯҳҳои зебои барфпӯшу арчапӯши Тоҷикистон, ки 93 дарсади қаламрави Тоҷикистонро ташкил медиҳанд!

Профессорони амрикоӣ Маргарет Миллс, эстонӣ Уло Валк, хорватӣ Лидия Байук, ҳиндӣ Десмонд Харамавфланг, японӣ Масатака Такешита ва дигарон оид ба вазъи имрӯзаи жанрҳои фолклорӣ, боварҳои мардумӣ ва расму оинҳои тоҷикони Осиёи Миёна ва ҳунарҳои мардумию сайёҳии Тоҷикистон пурсон шуданд.

Фолклоршинос, профессор Маргарет Миллс, ки аз Америка (ШМА) аст, аз зебоиҳо ва мардуми меҳрубони Тоҷикистон ёдовар шуда, бо таассуф гуфт, ки шаш сол аст ба ин кишвари меҳмоннавоз нарафтааст. М.Миллс пас аз Истиқлоли Тоҷикистон борҳо ба ин мамлакати зебои кӯҳистон сафар карда, бо ҳамкории Р.Раҳмонӣ аз байни тоҷикон матнҳои фоклорӣ низ гирд оварда, бо ҳаммуаллифии эшон чанд мақола ва як китоб зери унвони «Гуфтугӯ бо Давлат Холов: Суннати шифоҳӣ дар Тоҷикистон» (соли 2000) ба забони англисӣ ба нашр расонид. М.Миллс гуфт, ки ошиқона аз тариқи воситаҳои ахбор пешрафти кишвар, эҳёи ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Сада, расму оинҳо, омӯзиши фолклор ва дигаргуниҳои Тоҷикистонро пайгирӣ менамояд.

Профессор Масатака Такешита, ки аз Япония аст, бо муҳаббат аз фарҳанги қадимии тоҷикон ёдовар шуд. Мавсуф ба таҳқиқи фарҳанги исломӣ ва ирфон машғул аст. Яке аз адибоне, ки дӯсташ медорад, Носири Хусрав аст. Ӯ мегӯяд, ки ман ошиқи андешаҳои орифонаи Носири Хусрав ҳастам. Масатака Такешита то ба ҳол ба Тоҷикистон наомадааст. Орзу дорад, ки дар оянда ба дидани Наврӯзи тоҷикон ва  зиёрати қабри Носири Хусрав ба Бадахшон омада, бо расму оинҳои мардумӣ шинос гардад.

Ҳамсари Масатака Такешита, профессор Кинга Маркус Такешита, ки аслан аз Венгрия аст, бо эҳсос дар бораи тоҷикон суҳбат мекунад. Мегӯяд, ки «ман забони тоҷикиро аввал дар Донишгоҳи Будапешт омӯхтам. Чӣ қадар ширин буд. Мо ҳамроҳи устодам китоби «Мактаби кӯҳна»-и устод Айниро мехондем. Баъдан ман афсонаҳои тоҷикиро хондам, афсонаи «Булбули гӯё»-ро ба тоҷикӣ хонда, лаззат бурдам. Баъдан вариантҳои ин афсонаро аз забонҳои дигар низ пайдо карда, таҳқиқ намудам. Аммо то ҳол ба Тоҷикистон нарафтаам. Агарчи ман гӯиши форсии Эронро омӯхтам, вале дар ин ҳамоиш гӯиши тоҷикии Р.Раҳмонӣ бароям комилан фаҳмо ва ширин буд. Аз аксҳои расму оинҳои мардумӣ, ки Р.Раҳмонӣ ба намоиш гузошт, ошиқи расму оин, ҳунарҳои мардумии тоҷикон шудам. Ҳоло ман бо ҳамсарам тасмими ҷиддӣ гирифтем, ки ҳатман ба Тоҷикистон сафар хоҳем кард».

Профессори эстонӣ Уло Валк, ки мудири кафедраи фолклоршиносии муқоисавии Донишгоҳи Тарту мебошад, аз Р.Раҳмонӣ дар бораи вазъи имрӯзи фолклоршиносии тоҷикон пурсон шуд. Аз гуфти ӯ маълум мешавад, ки дар Эстония ба фолклор таваҷҷуҳи махсус медиҳанд. Уло Валк хоҳиш дорад, ки дар оянда бо фолклоршиносони тоҷик ҳамкорӣ кунад.

Профессор Фрог (Frog) аз Финландия ба фолклоршиносии тоҷикон таваҷҷуҳ пайдо намуд. Ба гуфти ӯ, мактаби фолклоршиносии Финландия яке аз матктабҳои қавии методи сохторшиносӣ дар илми фолклоршиносӣ аст. Р.Раҳмонӣ ба мавсуф ёдовар шуд, ки бо истифода аз мактаби сохторшиносии Финландия муҳаққиқони тоҷик, аз ҷумла, Б.Тилавзод, Б.Шермуҳаммадов, Ф.Муродов, М.Явич, Ҷ.Рабиев ва дигарон рисолаҳои илмӣ таълиф намудаанд.

Дар раванди ҳамоиш доктор Виктория Аракелова, ки аз кишвари Арманистон аст, аз тоҷикону Тоҷикистон бо меҳри зиёд ёдовар мешавад. Ӯ бо таассуф ба ёд меорад, ки чандин сол аст ба Тоҷикистон нарафтааст. Виктория бо муҳаббат аз кӯчаҳои зебои шаҳри Душанбе, ки умри ҷавониаш дар он ҷо гузаштааст, ёд мекунад. Ӯ хоҳиши зиёд дорад, ки равобити фарҳангии тоҷикон ва арманҳо бештар бошад. Виктория Аракелова бозсозиҳои Душанберо аз тариқи телевизион дида, шод аст, дилаш мехоҳад, ки зудтар ба дидори тоҷикон ва шаҳри зебои Душанбе ояд.

Аз Институти адабиёт ва фолклори литвонӣ муовини директор Лина Бугиене ва доктор Радвиле Расенате аз шунидани гузориши Р.Раҳмонӣ ва дидани суратҳои расму оинҳои тоҷикон ба ваҷд омада, иштиёқманд гаштанд, ки бо манзараҳои зебои кӯҳистони Тоҷикистон ва оинҳои мардуми тоҷикон аз наздик ошно шаванд.

Муҳаққиқони кишварҳи Италия, Англия, Арабистон, Сербия, Франсия, Руминия, Венгрия, Ҳиндустон, Япония, Латвия, Эстония, Финландия, Нидерландия, Арманистон, Исроил, Муғулистон, Америка ва кишварҳои дигар ҳаваси боздид аз Тоҷикистонро доштанд.

Дар охир профессор Р.Раҳмонӣ ба раёсати «Анҷумани байналмилалии пажӯҳиши нақлҳои фолклорӣ» пешниҳод кард, ки дар оянда яке аз ҳамоишҳоро метавонед дар Тоҷикистон баргузор намоед-марҳамат ба Тоҷикистони меҳмоннавоз!

Ин пешниҳод ба президенти анҷуман профессор Садҳана Наитҳани (Sandhana Naithani) ва бисёриҳо хуш омад.

Июнь 23, 2018 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо сокинони Ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ вохӯрӣ баргузор шуд
«ВАРЗИШГАРОН – ПАРЧАМБАРДОРОНИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон ҳамоиши варзишӣ ва барномаи фарҳангӣ багузор шуд
Дар ноҳияи Шаҳринав тозакунии каналу заҳбур ва заҳкашҳо оғоз шуд
Бунгоҳи тиббӣ ва бинои маъмурии Маркази миллии таълимӣ барои омодасозии наҷотдиҳандагони Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ба истифода дода шуд
ТОҶИКОН АЗ ОҒОЗИ ТАЪРИХ МИЛЛАТИ ПАРЧАМДОР БУДАНД. Андешаҳои корманди Маркази тадқиқоти стратегӣ
«Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе!». Дар ноҳияи Шоҳмансур ғолибони даври ноҳиявии озмун ҳавасманд гардонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТЗАЛ. Барои мураббиён машғулиятҳои омӯзишии «Level-2» оғоз гардид
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон озмоишгоҳи ташхиси партовҳои обӣ ба истифода дода шуд
Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо унвони «Профессори фахрӣ»-и ду донишгоҳи Чин сарфароз гардид
ПАРЧАМИ МО ПАРФИШОН АЗ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АСТ! Дар Душанбе ҳамоиши ҷашнии ҷавонону варзишгарон баргузор шуд
Дар Хуҷанд доир ба масъалаҳои таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот конференсияи минтақавӣ баргузор гардид