МЕССИИ ЭРОНӢ ДАР МОСКВА. Ҳамандоми футболбози аргентинӣ Лионел Месси барои дастгирии дастаи мунтахаби кишвараш дар Чемпионати ҷаҳон ба Россия омад

Июнь 15, 2018 11:38

ДУШАНБЕ, 15.06.2018./АМИТ «Ховар»/.   Дар ҳоле, ки варзишгари машҳури тими Аргентина Лионел Месси ба сабқатҳои дарпешистода омодагии ҷиддӣ мебинад, «нусхаи» эронии вай дар кӯчаҳои марказии Москва  гашта, ба ҳаводорони Месси ба шавқ соядаст тақдим мекунад, навиштааст агентии иттилоотии «Спутник»-и Россия.

«Дар ҳақиқат ба ҳаводорон мушкил аст, ки Мессии аслиро аз сохтааш фарқ кунанд. Ризои Парастиши эронӣ сахт ба Месси монанд аст.

Маҳз ба хотири шабоҳат ба Месси Ризо Парастишро дар Эрон машҳур кард. Ӯ ҳоло аз тамоми ҷаҳон мухлисони зиёди худро пайдо кардааст.

Ҳамандоми футболбози аргентинӣ ба Россия барои дастгирии тими мунтахаби Эрон омадааст.

Ризо ҳар рӯз ба Инстаграм дар бораи саргузаштҳои аҷибе, ки бо вай рух медиҳад, навор ё акс мегузорад.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, ки гӯё пулиси Москва Мессии эрониро барои ким -кадом қонуншиканиаш боздошт кардааст.

Аммо муҳофизони ҳуқуқи Москва дар асл дар фикри  боздошти «футболбоз» ҳам набуданд. Онҳо низ ӯро Мессии ҳақиқӣ пиндошта, аз ҳаводороне, ки ӯро иҳота карда буданд, хоҳиш мекарданд, ки тартиботро риоя кунанд.

Ҳатто кормандони Росгвардия ҳам бо «Месси» акс ва соядаст гирифтанд.

«Рӯзи гузашта овоза пайдо шуд, ки гӯё пулиси Москва маро боздошт кардааст. Ин дуруғ аст. Шумо метавонед асли қазияро аз навор тамошо кунед: мухлисони футбол, ки аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон омада буданд, ба назди ман омада, хоҳиш мекарданд, ки якҷо акс гирем. Дар натиҷаи роҳро мухлисон бастанд. Кормандони пулиси Маскав маро бо эҳтироми хос ба ҷое дар назди девори Кремл бурданд, ки он ҷо оромтар буд. Кормандони пулис ҳам аз ман хоҳиш карданд, ки акс гирем ва ман ба онҳо соядаст додам», — навиштааст Мессии эронӣ.

Ризо Парастиш дар Эрон ягона ҳамандоми ситораҳои ҷоҳонӣ нест. Дар кӯчаҳои Теҳрон ҳамчунин метавон бо Криштиану Роналду ва Луис Суарес акс гирифт. Аммо ба Ҷоми футболи ҷаҳон дар Русия танҳо Мессии эронӣ расидаасту халос.

Июнь 15, 2018 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон