МЕССИИ ЭРОНӢ ДАР МОСКВА. Ҳамандоми футболбози аргентинӣ Лионел Месси барои дастгирии дастаи мунтахаби кишвараш дар Чемпионати ҷаҳон ба Россия омад
ДУШАНБЕ, 15.06.2018./АМИТ «Ховар»/. Дар ҳоле, ки варзишгари машҳури тими Аргентина Лионел Месси ба сабқатҳои дарпешистода омодагии ҷиддӣ мебинад, «нусхаи» эронии вай дар кӯчаҳои марказии Москва гашта, ба ҳаводорони Месси ба шавқ соядаст тақдим мекунад, навиштааст агентии иттилоотии «Спутник»-и Россия.
«Дар ҳақиқат ба ҳаводорон мушкил аст, ки Мессии аслиро аз сохтааш фарқ кунанд. Ризои Парастиши эронӣ сахт ба Месси монанд аст.
Маҳз ба хотири шабоҳат ба Месси Ризо Парастишро дар Эрон машҳур кард. Ӯ ҳоло аз тамоми ҷаҳон мухлисони зиёди худро пайдо кардааст.
Ҳамандоми футболбози аргентинӣ ба Россия барои дастгирии тими мунтахаби Эрон омадааст.
Ризо ҳар рӯз ба Инстаграм дар бораи саргузаштҳои аҷибе, ки бо вай рух медиҳад, навор ё акс мегузорад.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, ки гӯё пулиси Москва Мессии эрониро барои ким -кадом қонуншиканиаш боздошт кардааст.
Аммо муҳофизони ҳуқуқи Москва дар асл дар фикри боздошти «футболбоз» ҳам набуданд. Онҳо низ ӯро Мессии ҳақиқӣ пиндошта, аз ҳаводороне, ки ӯро иҳота карда буданд, хоҳиш мекарданд, ки тартиботро риоя кунанд.
Ҳатто кормандони Росгвардия ҳам бо «Месси» акс ва соядаст гирифтанд.
«Рӯзи гузашта овоза пайдо шуд, ки гӯё пулиси Москва маро боздошт кардааст. Ин дуруғ аст. Шумо метавонед асли қазияро аз навор тамошо кунед: мухлисони футбол, ки аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон омада буданд, ба назди ман омада, хоҳиш мекарданд, ки якҷо акс гирем. Дар натиҷаи роҳро мухлисон бастанд. Кормандони пулиси Маскав маро бо эҳтироми хос ба ҷое дар назди девори Кремл бурданд, ки он ҷо оромтар буд. Кормандони пулис ҳам аз ман хоҳиш карданд, ки акс гирем ва ман ба онҳо соядаст додам», — навиштааст Мессии эронӣ.
Ризо Парастиш дар Эрон ягона ҳамандоми ситораҳои ҷоҳонӣ нест. Дар кӯчаҳои Теҳрон ҳамчунин метавон бо Криштиану Роналду ва Луис Суарес акс гирифт. Аммо ба Ҷоми футболи ҷаҳон дар Русия танҳо Мессии эронӣ расидаасту халос.















Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид






