Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо гурӯҳи намояндагони доимии як қатор кишварҳои хориҷӣ дар назди Созмони Милали Муттаҳид

Июнь 19, 2018 18:20

ДУШАНБЕ, 19.06.2018 /АМИТ «Ховар»/.  19 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” гурӯҳи намояндагони доимии як қатор кишварҳои хориҷӣ дар назди Созмони Милали Муттаҳидро ба ҳузур пазируфтанд.

Зимни мулоқот маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷ ва бо яке аз ташкилотҳои бонуфузи сайёра — Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ карда шуд.

Қабл аз оғози мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиёни ҳамоиши сатҳи баландро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.

Сарвари давлат ба намояндагони кишварҳо барои дастгирии ташаббуси ҷаҳонии ҷониби Тоҷикистон оид ба ҳалли мушкилоти об ва иштироки фаъолашон дар рафти ин чорабинӣ изҳори сипос карданд.

Тоҷикистон ташаббускор ва пешбарандаи масъалаҳои об дар Созмони Милали Муттаҳид аст ва изҳори боварӣ карда шуд, ки бо кӯшиш ва дастгирии гурӯҳи намояндагони кишварҳо дар Созмони Милали Муттаҳид ин масъала дар оянда низ бар нафъи инсоният ба таври васеъ тарғиб хоҳад шуд.

Таъкид гардид, ки натиҷаҳои Конфронси Душанбе дар чорабинии канории Форуми сатҳи баланди сиёсӣ, ки моҳи июли соли ҷорӣ дар Ню — Йорк баргузор мегардад, муҳим хоҳад буд.

Дар ҷараёни мулоқот намояндагони гурӯҳи кишварҳои доимии назди Созмони Милали Муттаҳид ба нақши калидии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри қабули қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои марбут ба оби ошомиданӣ, саҳми Сарвари давлати Тоҷикистон ҳамчун роҳбари узви Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об баҳри ҳалли мушкилоти глобалии сайёра ва дигар талошҳову тадбирҳои мушаххаси Тоҷикистон бар нафъи аҳли башар, баҳои баланд доданд.

Мулоқот бо гуруҳи намояндагони доимии як қатор кишварҳои хориҷӣ дар назди Созмони Милали Муттаҳид 19.06.2018

Июнь 19, 2018 18:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд