Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин
ДУШАНБЕ, 09.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. 9 июн дар шаҳри Чиндао дар ҳошияи Ҷаласаи шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин мулоқот карда, самтҳои асосии муносибатҳои шарикию стратегии ду кишварро баррасӣ намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳи ҳамкории байни давлатҳо баҳои баланд дода, ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро барои таъмиқ ва густариши он иброз доштанд.
Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот зимни баррасии масъалаҳои амниятӣ ба таъмини амнияти минтақавӣ, муборизаи муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, вазъи мураккаб дар сарҳади давлатӣ бо Афғонистон, таваҷҷуҳ зоҳир карда, ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникиро аз самтҳои афзалиятноку муҳими муносибатҳои Тоҷикистону Россия маънидод намуданд.
Таъкид гардид, ки Россия ҳамчун шарики асосии тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон боқӣ мемонад ва барои таҳкими муносибатҳо дар ин самт татбиқи қарорҳои Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ зарур шумурда шуд.
Дар ҷараёни мулоқот сарони давлатҳо ҳамчунин ба масъалаи рушду густариши муносибатҳои байниминтақавӣ, ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, саноати кӯҳӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, интиқоли молу маҳсулоти кишоварзӣ ба Россия таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Аз рафти татбиқи тадбирҳо оид ба ҳалли масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла, эълони авф ба як қисми шаҳрвандон, беҳсозии шароити будубоши муҳоҷирон изҳори қаноатмандӣ карда шуда, пешниҳод гардид, ки идомаи чунин чораҳои судманд, аз ҷумла, тамдиди муҳлати бақайдгирӣ ва иҷозатнома барои фаъолияти муҳоҷирон ба манфиати кор хоҳад буд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин аз раванди ҳамкорӣ дар бахшҳои фарҳангию гуманитарӣ, илму маориф, омӯзиши забони русӣ, таъмини омӯзгорони забони русӣ дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон изҳори қаноат карданд.
Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин барои бомуваффақият гузаронидани Мусобиқоти ҷаҳон оид ба футбол барору комёбӣ орзу карданд.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ Тсзоу Ҷиайиро ба ҳузур пазируфтанд
Шарҳи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мулоқоту чорабиниҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои наздик
Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони сохтору мақомоти низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқ машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон






