Мулоқоти Сарвазири Тоҷикистон бо Вазири энергетикаи давлати Қатар

Июнь 20, 2018 15:00

ДУШАНБЕ, 20.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо Вазири энергетикаи давлати Қатар Доктор Муҳаммад Ибни Солеҳ Ал-Сада мулоқот намуд. 

Ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои  муносибатҳои дӯстонаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Қатарро баррасӣ намуда, дар оянда боз ҳам густариш додани  равобити дуҷонибаро муфид арзёбӣ карданд.  Зимни мулоқот ҷонибҳо ба соҳаҳои афзалиятноки барои ҳарду ҷониб манфиатовар, аз ҷумла, обу эенергетика ва ғайра таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуданд.

Гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бойи обӣ буда, дар ин самт то имрӯз барномаву лоиҳаҳои мақсаднок амалӣ гардидаанд.

Дар мулоқот таъкид карда шуд, ки сол ба сол муносибатҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қатар густариш ёфта, марҳилаи нав касб менамоянд. Ҷониби Тоҷикистон дар оянда хостори тақвият бахшидани муносибатҳои дуҷониба бо Қатар мебошад.

Дар мулоқот густариш бахшидани равобити дуҷониба дар ҳама самтҳои барои ҳар ду давлат муҳим махсус таъкид гардид.

Июнь 20, 2018 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон