Мулоқоти Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Президенти Покистон Мамнун Ҳусейн

Июнь 20, 2018 19:21

ДУШАНБЕ, 20.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми имрўз Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн, ки бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ба  Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардааст, бо Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода мулоқот намуд.

Ҷонибҳо масоили муҳими ҳамкории дуҷонибаву бисёрҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Сарвазири мамлакат қайд намуд, ки имрўзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, обу сарватҳои табиӣ ва дигар масоили муҳим дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташабускор шинохта шудааст.

Ҷониби Покистон ҳавасмандии худро оид ба густариши мунособоти ин ду кишвар махсус таъкид намуд.

 

Июнь 20, 2018 19:21

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон