Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн

Июнь 20, 2018 19:36

ДУШАНБЕ, 20.06.2018. /АМИТ “Ховар”/. Нимаи дуюми имрўз Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн, ки бо сафари расмӣ ва иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ба  Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардааст, бо Раиси Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров мулоқот намуд.

Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров роҷеъ ба ҳамкориҳои байнипарлумонии ҳарду кишвари бо ҳам дӯст ибрози назар намуда, таъкид кард, ки мо аз сатҳи ҳамкориҳои байнипарлумонии кишварҳоямон қаноатмандем. Мубодилаи сафарҳои байнипарлумонии Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон дар сатҳи зарурӣ қарор доранд. Ҳайатҳои парлумонӣ аз ҳар ду кишвар боздид мекунанд, дар кори конфронс ва ҷаласаҳои парлумонӣ ҳамеша иштирок менамоянд.

Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн дар навбати худ изҳор намуд, ки талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи тақвияти ҳамкориҳои Душанбе ва Исломобод зиёд аст ва аз ҷониби мо низ ин кӯшишҳо дида мешаванд.

Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн баргузории конфересияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” дар Тоҷикистон ва ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон,  пешсафии он дар баррасии масоили глобалии вобаста ба об баҳои баланд дод.

Июнь 20, 2018 19:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд