Муовини вазири энергетикаи Ироқ Муртазо Судонӣ: «Конференсияи Душанбе дар ҳалли мушкилоти соҳаи об нақши амиқ хоҳад гузошт»

Июнь 21, 2018 10:09

ДУШАНБЕ, 21.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тавре иттилоъ додем, дар Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» намояндагон аз мамолики гуногуни арабӣ иштирок доранд. Хабарнигори АМИТ «Ховар» зимни танаффуси ҷаласаи пленарӣ бо муовини вазири энергетикаи Ироқ Муртазо Судонӣ оид ба мавзӯъҳои баррасишаванда дар Конфронси байналмилалии  сатҳи баланд суҳбат баргузор намуд.

— «Пеш аз ҳама, мехоҳам миннатдории самимии худ ва ҳайати кишвари Ироқро ба тамоми мардуми Тоҷикистон, Ҳукумати Тоҷикистон ва масъулини баргузории ин ҳамоиши бузург изҳор кунам. Воқеан мавзӯъҳое, ки иштирокдорон мавриди муҳокимаву таҳлил қарор додаанд, ҷолибу муҳим буда, кайҳо фурсати баррасӣ намудани онҳо бо иштироки намояндагон аз кишварҳои гуногун фаро расида буд. Ман итминон дорам, ки Конференсияи Душанбе дар ҳалли мушкилоти соҳаи об нақши амиқ хоҳад гузошт. Зеро агарчи баъзе кишварҳо аз лиҳози ҷуғрофӣ аз ҳамдигар дар масофаи дур қарор дошта бошанд ҳам, мушкилоти умумӣ доранд», — зикр кард Муртазо Судонӣ ва дар идома гуфт:

«Дар баробари ҳамин кишварҳои ҳамсарҳади минтақаи Шарқи наздик ва кишварҳои ҳамсарҳади минтақаи Осиёи Марказӣ дар масоили таъминот бо об ва идоракунии он мушкилоти ба ҳам монанд доранд. Ҳам кишварҳои ҳамсарҳади Шарқи наздик ва ҳам кишварҳои ҳамсарҳади Осиёи Марказӣ даҳсолаҳо боз барои ҳалли мушкилоти соҳаи об бо ҳамдигар муколама ва гуфтушунидҳо доранд. Вале барои ҳалли мавзӯи мазкур дар як Конфронси сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳам овардани намояндагони вазорату идораҳои дахлдори қариб ҳамаи кишварҳо аз минтақаҳои гуногуни олам амали беназир ва шоистаи таҳсин мебошад».

-На танҳо мо, ҳайати мамлакати Ироқ, балки ҳамчунин намояндагони дигар кишварҳо умед бар он дорем, ки Конфронси Душанбе барои ҳалли мушкилоти соҳаи об заминаи хуб мегузорад ва давоми даҳ соли оянда ҳамкории наздисарҳадӣ, риояи дипломатияи об, маблағгузории соҳа, бунёди инфрасохтори устувори соҳаи об ба сатҳи сифатан нав ворид мешаванд»,-таъкид кард  Муртазо Судонӣ дар поёни суҳбат.

Июнь 21, 2018 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон