Мусоҳибаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигорони Шабакаи телевизионии ССТV — и Ҷумҳурии Мардумии Чин
ДУШАНБЕ, 08.06.2018 /АМИТ «Ховар» /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳои фаъоли узви Созмони Ҳамкории Шанхай ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз роҳбарони ташаббускори ҳалли мушкилоти байналмилалию минтақавӣ, инчунин саҳмгузори рушди муносибатҳои ҳамкории кишварҳои аъзо мебошанд.
Бо дарназардошти мавқеи муҳиму устувори кишвари мо дар ин ташкилоти бонуфузи сайёра хабарнигорони Шабакаи калонтарини телевизионии ССТV — и Ҷумҳурии Мардумии Чин қабл аз баргузории Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар Ҷумҳурии Мардумии Чин, бо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе мусоҳиба анҷом доданд.
Зимни суҳбат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба нақши Созмони Ҳамкории Шанхай дар таъмини рушди устувору бемайлони иҷтимоию иқтисодии кишварҳои аъзо, дар бораи аҳамияти баргузории Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар вазъияти имрӯзаи ҷаҳон, таҳия ва татбиқи амалии муштараки санадҳои қабулшуда, вазъи феълии муносибатҳои дӯстию ҳамкории кишварҳои шарики стратегӣ — Тоҷикистону Чин, саҳми Тоҷикистону давлати ҳамсоя дар таҳкими ҳамкории минтақавӣ ба манфиати мардумони ду кишвар, инчунин дигар самтҳои равобити дуҷониба ба саволҳои хабарнигорони телевизиони Чин посухҳои мушаххасу пурмуҳтаво доданд.
Ҳалли масъалаҳои мубрами ҳамкории гуногунпаҳлуи кишварҳо, татбиқи минбаъдаи қарорҳои қабулшавандаи ҳамоиши навбатӣ оид ба таъмини суботу амнияти минтақавӣ ва тақвияти ҳамкории судманд дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ дар чаҳорчӯбаи Созмони Ҳамкории Шанхай аз мавзӯъҳои дигари суҳбати Сарвари давлат бо хабарнигорон буд.
Мавриди зикр аст, ки мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигорони чинӣ дар Шабакаи телевизиони ССТV-и Ҷумҳурии Мардумии Чин, дар сомонаҳои интернетӣ, дигар воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла, дар рӯзномаи калонтарини Чин “Жэнмин Жибао” ба таври васеъ инъикос гардид ва то имрӯз аллакай миллионҳо нафар аз мазмуну муҳтавои ин суҳбат огаҳӣ пайдо карданд.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






