«Нақши Қонуни миллӣ дар таъмини адолати иҷтимоӣ ва солимгардонии фазои маънавӣ». Бо ин унвон дар Душанбе конференсияи илмӣ- назариявӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 19.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии «Душанбе – Плаза» дар мавзӯи «Нақши Қонуни миллӣ дар таъмини адолати иҷтимоӣ ва солимгардонии фазои маънавӣ» конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар конференсияи мазкур намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳо, Академияи илмҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, олимону пажӯҳишгарони соҳа, раисони шаҳраку маҳаллаҳо, сохторҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, масъулини тарабхонаҳо, иттиҳодияҳои динӣ, марказҳои фароғатӣ ва воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.
Дар конференсия муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ зикр кард, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуқӯъ пайваст, воқеан ҳам дар таърихи қонунгузории мамлакат ҳодисаи нодир буда, иқдоми навбатии давлати соҳибистиқлол дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандию давлати ҳуқуқбунёд маҳсуб мешавад, ки заминаи онро арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ ташкил медиҳанд.
Сипас иштирокдорони конфронс дар мавзӯъҳои «Ҷойгоҳи анъанаву маросими миллӣ дар фазои маънавии ҷомеа», «Қонуни миллӣ – эҳёи фарҳангӣ дар ҳаёти иҷтимоӣ», «Нақши рафтори виҷдонӣ дар татбиқи Қонуни миллӣ», «Қонуни миллӣ –эҳёи фарҳангӣ дар ҳаёти иҷтимоӣ», «Қонуни миллӣ — кафолати зиндагии шоиста» ва ба ин монанд маърӯза карда, бо мисолҳои мушаххас ин мавзӯъҳоро шарҳ доданд.
Маърӯзачиён, аз ҷумла, зикр карданд, ки воқеан ҳам рисолати қонуни мазкур ислоҳоти маънавӣ дар ҳаёти иҷтимоӣ буда, дар зарфи 11 соли татбиқи он дар ҳаёти сокинони мамлакат таҳаввулоти фарҳангию иҷтимоӣ ба вуҷуд овард.
Дар конференсия таъкид гардид, ки татбиқи қонуни мазкур теъдоди тӯйҳои домодию арӯсӣ ва хатнасурҳои хайриявиро афзуд. Масалан, давоми 11 моҳи соли 2017 410 адад тӯйҳои домодию арӯсӣ ва 6347 адад хатнасурҳо ба таври хайриявӣ баргузор гардиданд. Ҳангоми назорати ҷараёни баргузории маъракаву маросимҳои шаҳрвандон аз ҷониби масъулини соҳа 663 ҳолати вайрон кардани қонун ошкор гардидааст.
Ҳамчунин дар назди иштирокдорони конференсия сиёсатмадорону олимон ва коршиносону пажӯҳишгарон оид ба дастовардҳо ва дурнамои қонуни мазкур сухан гуфтанд.
Нотиқон, аз ҷумла, зикр карданд, ки имрӯз як қатор давлатҳо, аз ҷумла, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баҳри танзим намудани ҷашну маросимҳои миллиашон аз таҷрибаи Тоҷикистон истифода мебаранд.













Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 77 фоиз иҷро шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид






