«НАВРАСОН ДАР ҶУСТУҶӮЙИ РОҲҲОИ ИННОВАТСИОНӢ». Дар Душанбе Анҷумани кӯдакон оид ба масоили об доир гардид

Июнь 19, 2018 16:32

ДУШАНБЕ, 19.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар доираи баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028, ки рӯзҳои 20-22 июн дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад,  бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди кӯдаконаи СММ (ЮНИСЕФ) Анҷумани кӯдакон оид ба масоили об баргузор гардид.

Тавре аз маркази матбуоти Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, анҷумани мазкур  аз 3 бахши асосӣ иборат буда, дар он даҳҳо шарикони миллию байналмилалӣ, кӯдакон ва наврасон иштирок намуданд.

Зикр шуд, ки об-боигарии мардуми тоҷик буда, мо бояд онро гиромӣ дорем ва ба қадри ҳар як қатраи он расем. Дар Анҷуман кӯдакон бо се забон доир ба манфиати об, ҳифз ва истифодаи самараноки он сухан гуфта, бе об мавҷуд набудани ҳаётро бори дигар ба ҳозирин фаҳмониданд.

Яке аз бахшҳои асосии Анҷуман баргузории намоишгоҳ буд, ки дар он 14 лоиҳаи беҳтарини озмуни ҷумҳуриявии «Наврасон дар ҷустуҷӯйи роҳҳои инноватсионӣ» ба маърази намоиш гузошта шуданд, ки мақсад аз он дарёфти роҳу воситаҳои навоваронаи таъмини об ва беҳдошт мебошад.

Ҳамчунин иштирокдорон иртиботи таъмини об ва беҳдоштро бо инкишофи барвақтии кӯдакон зимни ҷаласаи ҷудогона бо ҳузури коршиносони ҷаҳонӣ аз Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои байналмилалӣ, инчунин фаъолони миллӣ ва волидон баррасӣ карданд.

Дар ҷамъбаст ба се лоиҳаи беҳтарини озмуни «Наврасон дар ҷустуҷӯйи роҳҳои инноватсионӣ» ҷоизаҳо тақдим шуданд.

Июнь 19, 2018 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон