Нил Маккейн: «Имсол дар соҳаҳои низоми бонкӣ ва молиявии Тоҷикистон 7 лоиҳа татбиқ мегардад»

Июнь 13, 2018 16:00

ДУШАНБЕ, 13.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон мулоқоти муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо Директори минтақавии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) дар Осиёи Марказӣ Нил Маккейн ва Намояндаи доимии БАТР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Айтен Рустамова баргузор гардид.

Тавре аз Бонки миллӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба вазъ ва дурнамои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд муколама намуда, вобаста ба масъалаҳои лоиҳаҳои ҷорӣ ва имконпазир дар низоми бонкии кишвар ва самтҳои дигар, идоракунии корпоративӣ, татбиқи лоиҳаҳои нав оид ба дастгирии соҳибкории хурду миёна, аз ҷумла, тақсимоти лоиҳаҳои БАТР дар маҳалҳо табодули андеша намуданд.

Муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев, ки ҳамзамон Мудири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бонки аврупоии таҷдид ва рушд мебошад, таваҷҷуҳи намояндагони БАТР-ро ба ҳамкорӣ дар бахши низоми бонкии кишвар, бахусус дар самти таҳким бахшидани назорати ташкилотҳои қарзӣ, баланд бардоштани масъулияти Шӯрои нозирон, бартариятҳои низоми ягонаи пардохт ва баҳодиҳии сифати дороиҳои низоми бонкии мамлакат даъват намуд.

Директори минтақавии БАТР дар Осиёи Марказӣ Нил Маккейн баён дошт, ки «имсол дар соҳаҳои низоми бонкӣ ва молиявии Тоҷикистон 7 лоиҳа татбиқ мегардад ва дар ояндаи наздик барои ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон самтҳои афзалиятнок аз ҷониби БАТР муайян карда шудаанд. Аз ҷумла, инҳо ба самти дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва сиёсати коммуникатсионӣ, ки ба ҳадафгирии таваррум бевосита рабт дорад ва таъмини гарав ба молу мулки манқул дар асоси тағйиру иловаҳо ба қонунгузорӣ дахл доранд».

Мавсуф инчунин дар мавриди сари вақт амалӣ намудани пардохтҳо аз рӯи лоиҳаҳои мавҷуда сухан карда, баҳри тавсеаи ҳамкорӣ дар самтҳои нав изҳори омодагӣ кард.

Июнь 13, 2018 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид