Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Истаравшани вилояти Суғд

Июнь 25, 2018 06:59

ДУШАНБЕ, 25.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти нав ва иштирок дар тантанаҳои ҷашни фархундаи миллӣ-Иди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба шаҳри Истаравшан ташриф оварданд.

Роҳбарияти вилояти Суғд, шаҳри Истаравшан ва намояндагони аҳли ҷомеа Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо шукӯҳу шаҳомат ва меҳру муҳаббати бепоён истиқбол гирифтанд.

Фазои шукӯҳу шодӣ ва истиқболи гарму самимии Пешвои миллат нишонаи садоқат ва меҳру муҳаббати бепоёни халқ ба фарзанди оқилу сарсупурдаи миллат ва меъмори сулҳу ваҳдат мебошад.

Маҳз талошу ҷонбозиҳо ва сарсупурдагии фарзанди фарзонаи миллат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид ва Тоҷикистон аз вартаи ҳалокат наҷот ёфт.

Пешвои миллати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъи мураккаби сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ ҳамчун сиёсатмадори ҷасуру тавоно, аз рӯи хиради азалии халқи тоҷик амал карда, ҳамчун фарзанди сарсупурдаи миллат барои барқарор кардани сохти фалаҷгаштаи давлатдорӣ ва ба даст овардану таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ҷонфидоӣ намуданд.

Сулҳу ваҳдати миллӣ ва минбаъд пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳз ба ному корномаҳои ин фарзанди фарзонаи миллат марбут аст.

Истиқболи самимии намояндагони аҳли ҷомеаи шаҳри Истаравшан меҳру муҳаббат ва самимияти бепоёни халқ ба Президенти маҳбуби худ мебошад.

Оғози сафари корӣ ба шаҳри Истаравшани вилояти Суғд 25.06.2018

Июнь 25, 2018 06:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд