РОССИЯ — АРАБИСТОНИ САУДӢ 5:0. Дар ин бозӣ Далер Кузяев низ ба майдон баромад: ӯ нахустин бозингари решаҳояш аз Тоҷикистон аст, ки дар Чемпионати ҷаҳон ширкат мекунад

Июнь 14, 2018 22:00

ДУШАНБЕ, 14.06.2018./АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Россия дар бозии нахустини Чемпионати ҷаҳон   оид ба  футбол дар варзишгоҳи «Лужникии»-и  шаҳри Москва дастаи мунтахаби Арабистони Саудиро бо ҳисоби калони  5:0 мағлуб намуд.

Дар нимаи дуюми ин бозӣ Далер Кузяев низ ба майдон баромад – ӯ  нахустин футболбози решаҳояш аз Тоҷикистон аст, ки дар  Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол иштирок мекунад.

Бозии якмаром ва зоҳиран дилгиркунандаи Россия ва Арабистони Саудӣ дар оғоз ҳеҷ аломате нишон намедод, ки ин вохӯрӣ бо чунин ҳисоб анҷом мепазирад.

Мушоҳида мешуд, ки дар ҳарду даста  як футболбози қавӣ ва пешгом намерасад, то    битавонад ҳамроҳонашро роҳнамоӣ кунад ва аз қафои худ ба пеш барад.  Бахусус футболбозони саудӣ тӯбро асосан ба қафо партоб медоданд ва касе аз онҳо ҷуръати кашондани бозӣ ба нимаи майдони рақибро надошт. Тӯб то маркази майдон меомад, вале бозигарони саудӣ ҷуръати фаротар рафтан намекарданд ва тӯбро ба қафо бармегардонданд. Ба ҳадде ки тӯб рафта-рафта ба дасти дарвозабони дастаи Саудӣ бармегашт.

Чунин коҳилӣ ва беҷуръатӣ, албатта, наметавонист беҷазо бимонад.

Алакай дар дақиқаи 12-уми бозӣ Юрий Газинский ҳисобро кушод. Дар дақиқаи 43 Денис Черишев голи дуюмро зад. Артём Дзюба дар дақиқаи 71, ҳамагӣ як дақиқа баъди ба майдон баромаданаш ҳисобро 3:0 кард ва камера дар ғуфраи меҳмонони хос шоҳзодаи валиаҳди Саудӣ Муҳаммад бинни Салмонро нишон дод, ки даст афшонда, ба  Презитденти  Россия Владимир Путин ва президенти ФИФА Ҷанни Инфантино изҳори ҳайрат мекард. Дар посух Путин ва Инфантино китф дар ҳам мекашиданд, ки футбол футбол аст.

Аммо суқути Арабистони Саудӣ бахусус дар чанд дақиқаи иловагии бозӣ даҳшатбор буд. Дар дақиқаи аввали иловагӣ Денис Черишев аз як ҳолати хеле оддӣ голи чорумро ба самар расонд ва дар дақиқаи 94 Александр Головин, ситораи нави  дастаи мунтахаби Россия  ҳисобро 5:0 кард.

Денис Черишев, дастпарвари мактаби футболи «Реал”-и Мадрид ва фарзанди футболбози машҳури солҳои 90 Дмитрий Черишев, ки ба дарвозаи Арабистони Саудӣ ду гол зад, бозигари беҳтарини ин бозӣ эътироф шуд.

Ҳамин тавр, дастаи Россия   дар гуруҳи А бо се имтиёз пешсафиро ба даст овард. Бозии дуюм дар ин гуруҳ рӯзи 15 июн, соати 17 ба вақти Тоҷикистон байни дастаҳои Миср ва Уругвай доир мешавад. Такяи  дастаи Миср асосан рӯи ситораи тими «Ливерпул” Муҳаммад Салоҳ аст. Уругвай, албатта, ба ҳамлагари «Барселона” Луис Суарес умед мебандад.

 

Июнь 14, 2018 22:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»
Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид
«Регар-ТадАЗ» бори ҳаштум барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2025 оид ба футбол шуд