РОССИЯ — АРАБИСТОНИ САУДӢ 5:0. Дар ин бозӣ Далер Кузяев низ ба майдон баромад: ӯ нахустин бозингари решаҳояш аз Тоҷикистон аст, ки дар Чемпионати ҷаҳон ширкат мекунад
ДУШАНБЕ, 14.06.2018./АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Россия дар бозии нахустини Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар варзишгоҳи «Лужникии»-и шаҳри Москва дастаи мунтахаби Арабистони Саудиро бо ҳисоби калони 5:0 мағлуб намуд.
Дар нимаи дуюми ин бозӣ Далер Кузяев низ ба майдон баромад – ӯ нахустин футболбози решаҳояш аз Тоҷикистон аст, ки дар Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол иштирок мекунад.
Бозии якмаром ва зоҳиран дилгиркунандаи Россия ва Арабистони Саудӣ дар оғоз ҳеҷ аломате нишон намедод, ки ин вохӯрӣ бо чунин ҳисоб анҷом мепазирад.
Мушоҳида мешуд, ки дар ҳарду даста як футболбози қавӣ ва пешгом намерасад, то битавонад ҳамроҳонашро роҳнамоӣ кунад ва аз қафои худ ба пеш барад. Бахусус футболбозони саудӣ тӯбро асосан ба қафо партоб медоданд ва касе аз онҳо ҷуръати кашондани бозӣ ба нимаи майдони рақибро надошт. Тӯб то маркази майдон меомад, вале бозигарони саудӣ ҷуръати фаротар рафтан намекарданд ва тӯбро ба қафо бармегардонданд. Ба ҳадде ки тӯб рафта-рафта ба дасти дарвозабони дастаи Саудӣ бармегашт.
Чунин коҳилӣ ва беҷуръатӣ, албатта, наметавонист беҷазо бимонад.
Алакай дар дақиқаи 12-уми бозӣ Юрий Газинский ҳисобро кушод. Дар дақиқаи 43 Денис Черишев голи дуюмро зад. Артём Дзюба дар дақиқаи 71, ҳамагӣ як дақиқа баъди ба майдон баромаданаш ҳисобро 3:0 кард ва камера дар ғуфраи меҳмонони хос шоҳзодаи валиаҳди Саудӣ Муҳаммад бинни Салмонро нишон дод, ки даст афшонда, ба Презитденти Россия Владимир Путин ва президенти ФИФА Ҷанни Инфантино изҳори ҳайрат мекард. Дар посух Путин ва Инфантино китф дар ҳам мекашиданд, ки футбол футбол аст.
Аммо суқути Арабистони Саудӣ бахусус дар чанд дақиқаи иловагии бозӣ даҳшатбор буд. Дар дақиқаи аввали иловагӣ Денис Черишев аз як ҳолати хеле оддӣ голи чорумро ба самар расонд ва дар дақиқаи 94 Александр Головин, ситораи нави дастаи мунтахаби Россия ҳисобро 5:0 кард.
Денис Черишев, дастпарвари мактаби футболи «Реал”-и Мадрид ва фарзанди футболбози машҳури солҳои 90 Дмитрий Черишев, ки ба дарвозаи Арабистони Саудӣ ду гол зад, бозигари беҳтарини ин бозӣ эътироф шуд.
Ҳамин тавр, дастаи Россия дар гуруҳи А бо се имтиёз пешсафиро ба даст овард. Бозии дуюм дар ин гуруҳ рӯзи 15 июн, соати 17 ба вақти Тоҷикистон байни дастаҳои Миср ва Уругвай доир мешавад. Такяи дастаи Миср асосан рӯи ситораи тими «Ливерпул” Муҳаммад Салоҳ аст. Уругвай, албатта, ба ҳамлагари «Барселона” Луис Суарес умед мебандад.








Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид






