САҲА Конференсияи «Об барои рушди устувор»-и Душанберо дастгирӣ менамояд

Июнь 20, 2018 14:23

ДУШАНБЕ, 20.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. 20 июни соли 2018 дар Душанбе Конференсияи дурӯзаи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» кори худро оғоз намуд. Конференсия аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Департаменти масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ, механизми «СММ-захираҳои вобаста ба об» дар ҳамкорӣ бо Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо (САҲА) ва дигар созмонҳои байналмилалӣ доир мегардад.

САҲА ҷиҳати расонидани кумак ба рушди устувори захираҳои об баҳри баланд бардоштани сатҳи амният, шукуфоӣ ва ҳифзи муҳити зист ҳамкори деринаи Ҳукумати Тоҷикистон аст.

Сафир Вук Жугич, Ҳамоҳангсози фаъолияти иқтисодӣ ва экологии САҲА зимни суханронии худ иброз намуд, ки об кишварҳои истифодабарандаи захираҳои обии фаромарзиро муттаҳид менамояд. Идоранамоии муштараки захираҳои об метавонад омили беҳтар гардидани муносибатҳои байни кишварҳо ва таҳкими амният, шукуфоӣ ва ҳифзи муҳити зист гардад. «Об метавонад сарчашмаи ҳамкорӣ низ гардад. Барои ин зарур аст, ки САҲА тамоми кӯшишҳои худро ба кори мусоидат намудан ба дипломатияи самаранок дар масъалаҳои захираҳои об равона кунад»,- афзуд Жугич.

Дар рӯзи дуюми конференсия САҲА якҷоя бо Комиссияи иқтисодии Аврупои Созмони Милали Муттаҳид мусоҳибаҳои марбут ба Панели амалҳо оид ба ҳамкории фаромарзӣ ва дипломатия оид ба масъалаҳои захираҳои обро доир менамоянд.

Дар конференсия намояндагони агентиҳои Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, муассисаҳои байналмилалии молиявӣ, ҷомеаи соҳибкорӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла, олимон ва коршиносон ширкат доранд.

Июнь 20, 2018 14:23

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон