Тармими асосии 55 километри шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ ба вақти дигар гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 25.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси протоколи ҷаласаи назди Сарвазири мамлакат тармими асосии 55 километр аз 117 километри шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, ки бояд имсол анҷом дода мешуд, ба вақти дигар гузошта шуд. Сухангӯи ширкати Innovаtive Rod Solutions (IRS) Далери Абдулло ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки зарурати таъмини ҳаракати бетанаффуси мошинҳои боркаше, ки бо ангишт марказҳои барқу гармидиҳии Душанбе-1 ва Душанбе-2-ро таъмин мекунанд, сабаби асосии мавқуф гузошта шудани тармими як қисми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ шудааст.
Вобаста ба ин, ширкати Innovаtive Rod Solutions, ки масъули нигоҳубини шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ мебошад, 24 июн шарҳ нашр карда, хабар дод, ки нақшаи тармими куллии 117 километри шоҳроҳ, ки мебоист дар мавсими имсола тармими асосӣ мешуд, бознигарӣ шудааст.
Д. Абдулло ҳамчунин зикр кард: «Ба маълумоти ҳамватанон мерасонем, ки бинобар зарур ва ногузир будани ҳаракати муназзами воситаҳои нақлиёти гаронвазн, ки ба кашонидани ангишт барои марказҳои барқу гармидиҳии Душанбе 1 ва Душанбе 2 машғуланд, дар километрҳои 61 то 106-ум таъмири куллии роҳ дар ин мавсим амалӣ намешавад. Зеро дар сурати роҳандозии таъмири асосӣ ба раванди захираи ангишт барои марказҳои зикршуда, ки фаъолияташон дар мавсими сармо ба ҳаҷми захираи ангишт бевосита рабт дорад, халал ворид хоҳад шуд. Бинобар ин, тасмим гирифта шуд, ки аз километри 61 то 106-ум танҳо таъмири ҷорӣ гузаронида шавад».
Дар шарҳи ширкати Innovаtive Rod Solutions омадааст, ки тармими асосии қитъаҳои дигари шоҳроҳ идома ёфта, тармими асосии 55 километри боқимонда дар оянда анҷом дода мешавад.
Тармими асосии 62 километри боқимондаи шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ то расидани мавсими сармо анҷом дода мешавад. Ширкат аз шаҳрвандон ва ронандагон ҷиҳати ҷой доштани баъзе нороҳатиҳо зимни таъмири асоси шоҳроҳ узр пурсида, изҳори умед мекунад, ки ронандагон ба ин нороҳатиҳои муваққатӣ бо ҳисси ҳамдигарфаҳмӣ муносибат мекунанд.










Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд






