ТУҲФА ДАР РӮЗИ ИД! Ба кӯдакону наврасони маъюби ноҳияи Рашт «Машваратгоҳи психологии тиббӣ-педагогӣ» туҳфа гардид
РАШТ, 1.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар назди беморхонаи марказии ноҳияи Рашт бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бинои «Машваратгоҳи психологии тиббӣ-педагогӣ дар ноҳияи Рашт» ба истифода дода шуд. Дар ин бора мудири шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии ноҳияи Рашт Нуъмоншо Исматов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Бинои мазкур дорои 8 утоқ мебошад. Он аз ҳисоби Ҳукумати Япония ва Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) бо маблағи 13 ҳазор доллари амрикоӣ навсозӣ гардида, бо таҷҳизоти замонавӣ барои кӯдакони маъюб ҷиҳозонида шудааст. Инчунин тибқи иттилои масъулини беморхонаи марказӣ, дар корҳои сохтмонии бинои мазкур аз ҳисоби соҳаи тандурустии ноҳия 30 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби сокинони ноҳия 90 ҳазор сомонӣ масраф гардидааст.
Маркази мазкур барои 281 нафар кӯдакону наврасони маъюби то 18-солаи ноҳия дар Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон туҳфаи идона буда, аз ин пас мутахассисони варзидаи соҳаи тиб ва равоншиносон дар муассисаи мазкур ба кӯдакони маъюб дар сатҳи баланд ройгон хизмати тиббию равонӣ мерасонанд. Ҳамзамон ин маъюбон бо хӯроки гарм таъмин мешаванд.













Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






