ТВ «РОССИЯ-1»: «ПЕШГӮИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН РОСТ БАРОМАД». Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон қабл аз оғози бозии нахустини Чемпионати ҷаҳон-2018 гуфтанд, ки тӯби аввалро Россия мезанад

Июнь 15, 2018 10:00

ДУШАНБЕ, 15.06.2018./АМИТ «Ховар»/.  Тавре мо аллакай хабар додем, шоми дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол-2018 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия иштирок карданд.

Шабакаи телевизионии «Россия-1» дирӯз дар барномаи «Вести» сужаеро пахш намуд, ки дар он дида мешуд чи тавр Пешвои миллат  ҳангоми расидан ба фурудгоҳи Москва бо тилисми Чемпионати ҷаҳон -2018 —  Волк Забивака тӯббозӣ ва чанд калима раду бадал намуданд: «Кӣ голи аввалинро мезанад? Фикр мекунам, Россия», — гуфтанд Сарвари давлат. «Пешгӯии Президенти Тоҷикистон рост баромад», —  иброз дошт муаллифи сужаи барномаи «Вести».

Бозии нахустини Чемпионати ҷаҳонро байни дастаҳои мунтахаби Россия ва Арабистони Саудӣ, ки бо ғалабаи Россия анҷом ёфт, роҳбарони давлатҳои ИДМ ва дигар кишварҳои ҷаҳон бевосита тамошо карданд. Дар ҷои ифтихорӣ миёни меҳмонон дар Варзишгоҳи «Лужники»-и Москва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ нишаста буданд. Дарвоқеъ,  тӯби аввалро дар ин бозӣ  бозингари  дастаи мунтахаби Россия Юрий Газинский ба нишон расонид.  Дар интиҳо футболбозони Россия бо ҳисоби калони 5:0 ғолиб омаданд.

Июнь 15, 2018 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон