«ВАҲДАТ, ДАВЛАТ, ПРЕЗИДЕНТ». Таҳти ин унвон дар Душанбе китоби нав аз чоп баромад, ки ба 21-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бахшида шудааст
ДУШАНБЕ, 23.06.2018./АМИТ «Ховар»/. Нашриёти «Истеъдод» дар остонаи фаро расидани ҷашни бистуякумин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ китоби «Ваҳдат, Давлат, Президент»-ро аз чоп баровард.
Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, китоби тозанашр ба қалами собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳоло Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ ва мушоври калон, ҳамоҳангсози ин Ҳаракат Рамазонӣ Давлатов тааллуқ дошта, дар бораи нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ, аҳамияти таҷрибаи сулҳи тоҷикон барои минтақа ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ва нақши шахсиятҳои сиёсӣ дар дастёбӣ ба сулҳу оштии миллӣ навишта шудааст.
Ҳамчунин дар ин китоб масъалаҳои дигари муҳим ва таърихӣ, амсоли ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба аҳамият ва арзиши об, тарғиб ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва рушди сайёҳӣ дар кишвар мавриди баҳсу арзёбӣ қарор гирифтааст.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






