«ВАҲДАТ, ДАВЛАТ, ПРЕЗИДЕНТ». Таҳти ин унвон дар Душанбе китоби нав аз чоп баромад, ки ба 21-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бахшида шудааст

Июнь 23, 2018 16:31

ДУШАНБЕ, 23.06.2018./АМИТ «Ховар»/. Нашриёти  «Истеъдод» дар остонаи фаро расидани ҷашни бистуякумин  солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ  китоби «Ваҳдат, Давлат, Президент»-ро  аз чоп баровард.

Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  китоби тозанашр ба қалами собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  ҳоло Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон  Мирзошоҳрух Асрорӣ  ва мушоври калон, ҳамоҳангсози ин Ҳаракат Рамазонӣ Давлатов тааллуқ дошта, дар бораи нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ, аҳамияти таҷрибаи сулҳи тоҷикон барои минтақа ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ва нақши шахсиятҳои сиёсӣ дар дастёбӣ ба сулҳу оштии миллӣ    навишта шудааст.

Ҳамчунин дар ин китоб масъалаҳои дигари муҳим ва таърихӣ, амсоли  ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба аҳамият ва арзиши об, тарғиб ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва рушди  сайёҳӣ дар кишвар  мавриди баҳсу арзёбӣ қарор гирифтааст.

Июнь 23, 2018 16:31

Хабарҳои дигари ин бахш

35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»