Вакилони Парлумон лоиҳаи Қонун «Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ»-ро баррасӣ карданд

Июнь 8, 2018 12:30

ДУШАНБЕ, 08.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум доир шуд. Дар ҷараёни кори  иҷлосияи мазкур як зумра лоиҳаҳои қонун ва созишномаҳо, аз ҷумла,  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ» баррасӣ гардиданд.

Тавре аз палатаи поёнии Парлумон   ба АМИТ  «Ховар» хабар доданд, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ»  бо мақсади муайян намудани муносибатҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ оид ба маълумоти шахсӣ, инчунин баҳри танзим намудани принсипҳои асосии вобаста ба ҷамъоварӣ, коркард ва ҳифзи маълумоти шахсӣ, таҳия ва  бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон О. Салимзода, А Холмуҳаммадзода  ва  Ҷ. Саидов пешниҳод гардидааст.

Дар иҷлосия  вакилон ҳамчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Венгрия оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ,  Дар бораи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шартномаи Марокаш оид ба осонгардонии дастрасии нобиноён ва шахсони биноияшон халалдор ё дорои дигар қобилияти маҳдуди қабул намудани иттилооти чопӣ ба асарҳои нашршуда, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Қазоқистон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳудуди  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи реадмиссияи шахсон ва Протоколи иҷроия оид ба тартиби амалисозии онро  мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор  доданд.

Дар анҷоми иҷлосия вакилони Маҷлиси намояндагон аз рӯи ҳамаи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Июнь 8, 2018 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид