25 июл- Рӯзи кормандони нақлиёти автомобилӣ. Ин соҳа дар рушди устувори иқтисодиёт нақши калидӣ дорад

Июль 25, 2018 14:11

ДУШАНБЕ, 25.07.2018/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 25 июл нақлиётчиёни Тоҷикистон иди касбии худ- Рӯзи кормандони нақлиёти автомобилиро таҷлил менамоянд.

Нақлиёти автомобилӣ дар таъмини рушди устувори  иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муассир дошта, яке аз  соҳаҳои афзалиятноки  мамлакат маҳсуб мешавад. То ҷое мусаллам аст, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мавқеияти ҷуғрофиаш кишвари кӯҳсор буда, роҳи баҳрӣ надорад, аз ин рӯ нақлиёти автомобилӣ дар самти боркашонӣ ва интиқоли мусофирон нақши  калидӣ мебозад.

Дар зарфи шаш моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ беш аз 34,8 миллион тонна молу маҳсулот интиқол дода шуда, гардиши мусофиркашонӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ 291,4 миллион нафарро ташкил медиҳад.

Бунёди марказҳои логистикӣ- омили рушди соҳаи нақлиёти автомобилӣ

Алҳол дар бозори хизматрасониҳои  нақлиёти автомобилии мамлакат беш аз 1400 адад  субъектҳои хоҷагидор  фаъолият доранд, ки аз ин 214  ададашро  корхонаҳои  нақлиётӣ, 49 ададро терминалҳои мусофирбарӣ, 11 ададро терминалҳои боркашонӣ, 1054  ададро  нуқтаҳои  хизматрасонии техникию таъмири  воситаҳои нақлиёт   ва 84 ададро  қароргоҳҳои нақлиётӣ ташкил медиҳанд.

Ҳамзамон дар ҷумҳурӣ  832 хатсайрҳои мусофирбарӣ фаъолият доранд, ки  163-тои он шаҳрӣ,  544-ададаш наздишаҳрӣ, 123 адад байнишаҳрӣ ва  ду адад хатсайрҳои  мусофирбари  байналмилалӣ мебошанд.

Татбиқи самтҳои Барномаи давлатии рушди комплекси  нақлиётӣ

Бо шарофати саъю талош ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  соҳаи нақлиёти мамлакат беш аз пеш  рушд менамояд. Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди мақсадноки комплекси  нақлиётии  Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025» қабул гардидааст, ки дар он  афзалиятҳои асосии рушди нақлиёти автомобилӣ, ба роҳ мондани сатҳи нави ҳамкории байналмилалӣ, ташкили шабакаҳои муосири логистикӣ ва пешниҳоди хизматрасониҳои баландсифат ба интиқолдиҳандагони байналмилалӣ муайян гардидааст.

Фаъолияти ширкатҳои нақлиётии молрасони ватанӣ тақвият меёбад

Аз Вазорати нақлиёти мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар зарфи солҳои охир нақлиётчиёни кишвар ба комёбиҳои назаррас ноил гардиданд.  Алҳол дар бозори нақлиёти автомобилии ҷумҳурӣ 28 корхонаи нақлиётии ватанӣ ба ҳамлу нақли байналмилалӣ машғул буда,  бо хизматрасонии сатҳи баланд дар таъмини интиқоли саривақтии молу маҳсулот ба бозорҳои кишварҳои хориҷӣ, назири Чин, Покистон, Афғонистон, давлатҳои  Осиёи Марказӣ ва Аврупо саҳми муносиб мегузоранд.

Агар қаблан ҳиссаи ширкатҳои нақлиётии  молинтиқолдиҳандаи ватанӣ  дар бозори боркашонӣ ҳамагӣ 10-17 фоизро ташкил медод, алҳол ин нишондод ба 51 фоиз баробар гардидааст, зеро тайи солҳои охир таваҷҷуҳи  кишварҳои хориҷӣ ба маҳсулоти  кишоварзии Тоҷикистон афзудааст. Ин раванд имкон медиҳад, ки ширкатҳои молинтиқолдиҳандаи нақлиётии ватанӣ  доираи фаъолияти худро дар самти  интиқоли молҳои содиротии кишвар ба давлатҳои хориҷӣ тавсеа бахшанд.

Дар роҳҳои кишвар беш аз 460 ҳазор адад воситаҳои нақлиёт дар ҳаракатанд

Аз Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати  корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки  дар миқёси Ҷумҳурии Тоҷикистон  беш аз 460 ҳазор воситаҳои нақлиёт ба қайд гирифта шудаанд, ки аз он зиёда аз 445 ҳазораш дар бахши иқтисодиёти мамлакат истифода мегардад.

Аз ин омор наздик ба 39 ҳазорашро воситаҳои нақлиёти боркаш,  39,2 ҳазорашро нақлиёти  сабукрав ва 14 ҳазору 567 ададро воситаҳои нақлиёти мусофирбар ташкил медиҳанд.

Гумрук: воридоти воситаҳои нақлиёт афзудааст

Ин дар ҳолест, ки тибқи омори гумрукӣ,  танҳо дар шаш моҳи соли равон ба ҷумҳурӣ  8 ҳазору 989 адад воситаҳои гуногуни нақлиёти автомобилӣ  ба маблағи беш  аз 106,8 миллион доллар ворид гардидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017  3 ҳазору 408 адад   зиёд мебошад. Дар ҳамин давраи  соли гузашта ба ҷумҳурӣ 5 ҳазору 581 адад воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар ҳаҷми  беш аз 57, 4 миллион доллар  ворид  гардида  буд.

Аз 8 ҳазору 889  адад воситаҳои нақлиёти дар зарфи шаш моҳи соли 2018 ба ҷумҳурӣ ворид гардида, 6 ҳазору 154 ададашро воситаҳои нақлиёти сабукрав, 2 ҳазору  594 ададашро воситаҳои нақлиёти боркаш  ва 82 ададро воситаҳои нақлиёти таъйиноти махсус ташкил дода, 159 адад воситаи нақлиёт барои кашондани беш аз 10 нафар мусофир ворид гардидаанд.

Байни Душанбе-Деҳнав хатсайри мусофиркашонӣ фаъол мегардад

Бояд тазаккур дод, ки  моҳи марти соли равон дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи алоқаи автомобилии байналмилалӣ»  ба имзо расид. Дар асоси ин санад моҳи майи соли равон аввалин хатсайри автобуси мусофиркашонӣ байни шаҳрҳои Хуҷанд –Тошканд ифтитоҳ гардид. Инчунин дар ояндаи наздик интизор меравад, ки ҳаракати автобусҳои мусофирбар дар масири   Душанбе-Деҳнав, Душанбе-Тирмиз, Панҷакент-Самарқанд, Исфара-Қуқанд, Хуҷанд–Бухоро, инчунин ифтитоҳи хатсайрҳои транзитии мусофиркашонӣ тавассути қаламрави Ӯзбекистон ба Қазоқистон ва Россия  роҳандозӣ гарданд.  Мавриди зикр аст, ки танҳо давоми панҷ моҳи соли равон ҳаҷми боркашонӣ байни  Тоҷикистон ва Ӯзбекистон  тавассути нақлиёти автомобилӣ  беш аз 22,2  ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нишондиҳандаи хуб  арзёбӣ мегардад.

Ҳамзамон дар зарфи солҳои истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон чандин  лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар самти бунёду таҷдид ва навсозии роҳҳои  автомобилгарди кишвар  татбиқ гардид, ки  дар мавриди раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари  воҳид табдил додани Тоҷикистон мусоидат намуданд.

Алҳол татбиқи лоиҳаи «Таҷдиди    роҳи автомобилгарди Душанбе –Турсунзода, қитъаи роҳ аз пайкараи А.Сино то  дарвозаи ғарбии Душанбе (дар  чоррроҳаи  шаҳраки 82) ба маблағи беш аз 36,9  миллион доллар идома дошта, зиёда аз 90 фоизи корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот  иҷро гардидаанд.

 

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Июль 25, 2018 14:11

Хабарҳои дигари ин бахш

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ШУКУФОИИ ВАТАН АСТ! Андешаҳои судяи Суди шаҳри Истиқлол Фарзона Ғафурзода дар ин мавзуъ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Хӯрдани олуча хобро ба танзим дароварда, организмро барқарор мекунад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Ҷаҳон Азонов: «Истеъмоли нодуруст ва аз меъёр зиёди ғизо давомнокии умрро кӯтоҳ мекунад»
ДАР ҲАР ЯК ОҲАНГ МУҲАББАТИ БЕАНДОЗАИ ТОҶИКОН БА ВАТАН ЭҲСОС МЕШУД. Бардошт аз баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Бодинҷон барои беҳтар шудани кори дил ва узвҳои ҳозима мусоидат мекунад
САРФАКОРӢ — БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Ба миқдори сари сӯзан сарфа кардани зан баракатро дар хонадон дучанд меафзояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Норасоии намӣ ба решаи дарахтон самаранокии боғотро паст мекунад
РӮЗИ ҶАҲОНИИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРӢ. Бо мақсади таъмини бехатарии маҳсулот дар Тоҷикистон 14 озмоишгоҳ фаъолият дорад
Сарфаи неруи барқ танҳо вазифаи давлатӣ нест, балки масъулияти ахлоқии ҳар як шаҳрванди мамлакат аст
РУШДИ САЙЁҲӢ ДАР БАДАХШОН. Сабзазорҳои алпӣ, биёбонҳои баландкӯҳ, дарёҳои тезҷараён ва кӯлҳои мусаффои он назаррабо мебошанд
Ба пешвози 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангию маърифатӣ доир мешаванд
ҚОНУНИ ТАНЗИМ — НАМУНА БАРОИ КИШВАРҲОИ МИНТАҚА. Дар давраи амали ин қонуни миллӣ беш аз 12 миллиард сомонӣ сарфа шудааст